Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мо гуфтем, пот ба лаби гӯр расида, охи тура чиву зан чӣ, гӯш накад.
-Бисё ҳарф наза, Марворид, сайъ ку, чӣ мегам, хонума бубар ба хонаи хоб, ма намози хуфтана мехонуму бармегардум.
-О и тифлак як даҳан нон намехӯра, ки арақуш хушк нашуда хонаи хобуш мебарӣ? - хоҳари Ҳашматулло норозиёна рӯ турш кард.
Ҳашматулло ҳарфҳои хоҳарашро ношунида гирифт ва банди шалворашро бозкунон бо аҷала ба кунҷи дигари долон рафт.
-Роша, арӯсхонум. Марворид бо ахмҳои гирифта пеш гузашт ва Фариштаро ба хонаи хоби арӯсу домод бурд ва хост чароғро рӯшан кунад.
-Чароғро рӯшан накунед, хонумҷон, торикӣ беҳтар аст.
Зан аз хоҳиши Фаришта ҳайрон нашуд, зери лаб ғур-ғур карду аз ҳуҷра бадар рафт.
Ҳашматулло намози хуфтанро бо аҷала хонд ва мисли рӯзадоре, ки нишастани офтобро бесаброна интизорӣ мекашад, ҳанӯз Фаришта кафшҳояшро накашида буд, ки суроби саллаи бузургаш дар дами дар пайдо шуд.
-Э-э, чаро дар торикӣ истод кадӣ? Хаста шудӣ, бишин ҷонам, - гуфту даст ба сӯи тугмаи чароғ дароз кард.
-Чароғро рӯшан накунед, коко, аз рӯшноӣ хушам намеояд.
-Боша, ҷони ма, ҳар чӣ дили тангут биход.

Ҳашматулло, ангор, дурбини шаб дошт, ки дасти дасти Фариштаро дар торикӣ осон пайдо карду ӯро ба сӯи тахти хоб бурд.
-Ма дига бари ту коко нестум, пераҳанта во ку ҷигар, мо хо дига бо ҳам маҳрам шудем. Фаришта хомӯшона либосашро берун оварду дар тахти хоб дароз кашид ва чашмонашро сахт пӯшид, мехост чашм боз кунаду бубинад, ки шиканҷаи ҳамхобагӣ бо Ҳашматулло ба охир расидааст.

пешина
аз 473
навбатӣ