ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Хонаи коко бо як сохтмони ду ошёна ва ду сохтмони якқабата шакли кӯчактари хонаи додарзодааш будааст. Аз ин се сохтмон танҳо бинои дуошёна чароғон буд ва дар он суроби зане ба назар мерасид, ки кӯрпаву болишт дар даст аз як ҳуҷра ба ҳуҷраи дигар медавид. На хизматгоре буд на надиме.
Шаҳхелҳо дар саҳни ҳавелии барҳаво, ки дарахҳои баланди ношиносаш ба ҳам печида, шабеҳи чатри бузург аз вуруди нури моҳ ба ин хонаи торик ҷилавгирӣ мекарданд, даст ба дуо бардошта, ба домод хушбахтӣ хостанд.
Ҳашматулло дасти Фариштаро сар намедод ва азбас дасти росташ дар дохили чодари арӯс буд, дасти чапашро барои хайрухуш ба меҳмонҳо дароз кард. Кадоме аз онҳо “и шаб оғо дига, шаби худата!”- гуфту хандакунон ба китфи Ҳашмат-оғо тап-тап зад. Фаришта дасти Ҳашматуллоро тела намедод, ӯ ангор, аз баҳри ҷисми худ гузашта буд ва барояш муҳим набуд, ки Ҳашмат бо ин дасту ин тан чӣ мекунад. Ба худ мегуфт, “сахтатрин шаб, ҳамин шаб аст, агар имшаб намираму то ба субҳ бирасам, фикр кун, ки ҷон ба саломат бурдам.” Зане, ки суробаш аз ошёнаи дуюм менамуд, хоҳари Ҳашматулло ва зоҳиран ягона ҷонзоди зинда дар ин ҳавлии бузург буд. Ӯ Фариштаро дар долони ошёнаи дуюм истиқбол кард ва чодари арӯсиро аз чеҳрааш бардошт. Хонум бо чашмони фурӯрафта, ки аз ғояти сурмаи зиёд мисли ду лахчаи сиёҳ дар қаъри сараш ҷой доштанд, чеҳраи пур аз доғи чечак, димоғи бургутмонанд ва дандонҳои ашкала, шакли занонаи бародараш буд. Ба як дидан тақрибан ҳафтодсола менамуд. Аммо мисли ҷавонзанҳо либосҳои рангоранг дошт ва дар сару дасту гардан зару зевари бешумор. Ангор, мехост сарвату савлаташро ба арӯси нав нишон диҳад.
-Ма Марворидум, хоҳари Ҳашматуулло, и биродари мо иқа ошиқат шуда, ки имшав хонара ай хадиму надим холӣ кад, то катит тано боша.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ