ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Домулло хутбаи никоҳ оғоз карду гӯши Фаришта қуфл зад. Боқии маросим дар назараш мисли филмҳои сиёҳу сафеди қадимӣ босуръат гузашт. Чизеро ёд надорад, вақте ба худ омад, ки хола бо ангушт ба бозуяш хала мезад ва дар гӯшаш мегуфт, ки “бале” бигӯяд. Ҳама хомӯш чашм ба даҳони Фаришта дӯхтанд. Хола бозуи Фариштаро бо тамоми неру фишор дод ва бо овози танҳо барои Фаришта шунаво “чуп нашу, аблаҳ, бгӯ, ки розӣ астӣ! - гуфт. Фаришта бо ишораи сар “бале” гуфт ва домулло ақди ӯро бо Ҳашматулло эълон кард.
“Алвидоъ, оғои қалби дардманди ман, молики ҷону тани ман, маҳбуби ман, ягонаи ман. Алвидоъ, духтари шоҳи париён, алвидоъ, дарахти пир, шоҳиди ишқварзиҳои ман, алвидоъ, Шабдизи ошиқи аспҳои ваҳшӣ, алвидоъ, ҳавзи лабрези атри тани маҳбуби ман. Шуморо ба худои бузург месупорам. Гоҳе ҳам аз ман ёд кунед, аз мане, ки буду шудамро ба он оғои зебо ҳадя кардам ва хушбахттарин рӯзҳоро бо ӯ ба сар бурдам. Алвидоъ, афсонаи ширину мондагор!” Меҳмонҳо омин карданду аз ҷой бархостанд ва хола акнун панҷаҳои оҳанинашро аз бозуи Фаришта бардошт. Ӯ Фариштаро модарвор бӯсид, чашмонаш ғарқи об буданд ва чонаи холдораш аз ашки гулугир меларзид.
-Туро ба Худои мутаъол месупорам Фариштаҷон, Худо аз ама балову офат ҳифзат кунад!
Мардҳо пеш пешу занҳо ба думбол бо сарҳои хам мисли иштирокдорони маросими ҷаноза аз дар берун шуданд. Дар ин хайл танҳо як нафар, ки аз хушбахтӣ чун шабнами саҳаргоҳ медурахшид ва ба ҳар тараф чашмак мезад, Ҳашматулло буд. Ӯ дасташро зери чодари арӯс дароварду мисли шуллук ба панҷаҳои Фаришта часпид ва оҳи сабук кашид. Дасташ мисли шохаи хор хушку сард буд.
Арӯсу домод мошинсавор ва “шаҳхелҳо” пиёда ба манзили Ҳашматулло, ки дар дусадметрии хонаи оғо ҷой дошт, расиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ