ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ӯ сар ба оҳани панҷара гузошту чашмонашро пӯшид.
-Духтар, аҷала кун, домулло интизори туст, хутбаи никора мехона.
Фаришта дигар муқовимат накард ва аз паси хола Наврӯз ба ҳавлӣ баромад. Ӯ бо гесӯвони печ дар печи чун шаб сиёҳ, пероҳани сафеди саропо лаълу марворид, чодари зарҳалӣ ва кафшҳои пошнадор, ки қомати бе ин ҳам баландашро баландтар нишон медод, мисли парӣ зебо буд.
Занҳои хизматгор бо дидани Фариштаи зебо ангушт ҳайрат газиданд, вале ӯро дар бағали Ҳашматулло тасаввур мекарданду дилашон беҳузур мешуд.
Меҳмонҳо дар боғчаи ҳавлӣ рӯи курсиҳои роҳат менишастанд. Барои ин маросим Маҳваш беҳтарин курсиҳои роҳату ва суфраи меҳмонхонаашро ба боғ баровард.
Ҳашматулло аз бари боло менишаст ва аз шиддати ҳаяҷон ҳардам бинӣ мекашид. Баробари дидани Фаришта ларзонларзон аз ҷой нимхез шуд ва табассуми нозебе дандонҳои мисли дандони асп зардшудаашро урён кард.
Хола Наврӯз Фариштаро дар курсии нарми паҳлуи домод нишонд ва дар дил худо мегуфт, ки ин маросим зудтар, бе ягон ҳодиса хатм шавад.
Фаришта сар аз замин барнамедошт, то чашмаш ба Ҳашматуло наафтад ва бо фиғон тоҷи арӯсиро аз сар дур наяндозад. Ӯ боре дар айни чунин маросим ноилоҷ ба хотири осоиши модараш ба никоҳи Рашид даромад, ҳоло ба хотири тифли бадбахте, ки дар шикамаш бузург мешавад, худро қурбон мекунад. Рашид ошиқи ӯ набуд, қасди ҳамхобагӣ ҳам надошт, одами хубе буд. Аммо ин яке фарқ мекунад, Ҳашмат бо як мушт эҳсоси мардона, ки дар кимкуҷои тани фарсудааш банд мондааст, висол мехоҳад ва ин Фариштаро девона мекард:
-Э кош, дар ҳамин шаби никоҳ ҷон аз танаш бадар мешуду маро беваи сиёҳпӯш мекард!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ