Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Оғо Шопур! - ҷонсарак фарёд зад Фаришта.
Шопур дар паллаҳо манъ шуду ба сӯе, ки садо аз он ҷо баланд мешуд, нигоҳ кард. Фариштаро бо чодару либосҳои муаҷаллали арӯсӣ диду дар ҷояш шах шуд. Фаришта аз панҷараи боз ба сӯи Шопур даст афшонд.
-Ман ин ҷоям оғо Шопур!
Шопӯр ба чаҳор тараф нигоҳ карду оҳиста аз паллаҳо поён омад. Медонист, ки Фаришта чӣ мехоҳад, аммо худро ба нодонӣ мезад.
-Амре доштӣ хонум?- пурсид ӯ бегонавор ва бо қавораи ҷиддӣ.
Фаришта оҳанги сардро дар садои Шопури меҳрубон зуд ташхис дод. Аммо ҳоло дигар ҷойи истиҳола набуд, вақт мисли оби равон шитоб дошт ва Шопур ягона нафаре буд, ки метавонист ба суоли Фаришта ҷавоб бигӯяд.
-Шуморо ба ҳар муқаддасоте, ки доред, савганд медиҳам, бигӯед оғо куҷост?
-Воллоҳ, куҷо будани оғоро ма намедонум, ӯ бари ма ҳисобот намета. Фақат медонам, ки ин ҷо нест.
-Оғо медонад, ки маро ба Ҳашматоғо никоҳ мекунанд?
Шопур чизе гуфтанӣ буд, ки ин дам садои азони намози шом баланд шуд ва ӯ Фариштаро моту маҳбут гузошту ба сӯи паллаҳо давид.
-Оғо Шопур, ин корро бо ман накунед, хоҳиш мекунам!
Шопур дар нимаи роҳ манъ шуду ангушт ба лаб гузошт ва сарашро такон дод. Бастаро аз дари нишеман ба дарун партофту шитобон пас гашт ва бо аҷала аз назди панҷара рад шуд.
Фаришта аз ишораи Шопур чизе нагирифт. “Шояд мегуфт дар ин бора лаб накушо? Ё мегуфт оғо аз ин издивоҷ хабар надорад?” Бо рафтани Шопур охирин умеди Фаришта барои як муъҷиза, ки битавонад ин никоҳи беинсофонаро баҳам бизанад, барбод рафт.

пешина
аз 473
навбатӣ