ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
“Ё оллоҳ” гуфту бо пойҳои ларзон ба ҳавлӣ ворид шуд. Як пиракии ҳамсиннаш ва ду марди миёнсол ӯро ҳамроҳӣ мекарданд.
Занҳои хизматгор пухту пазу шустушӯро анҷом дода, мебоист акнун ба хонаҳои худ баргарданд, аммо ин шом аҷала надоштанд ва кунҷковона аз дари ошхона калла мекашиданд.
Ҳашматуллои ҳаштодсола барои издивоҷ бо Фаришта хеле пул харҷ кард, барои арӯс он қадар пероҳану чодур ва зарузевар овард, ки дар се сандуқ базур мегунҷид.
Ҷиҳози арӯсро барои намоиш дар рӯи ҳавлӣ чида, дари сандуқҳоро боз карданд. Аз рӯи русуми ин мардум бояд хонаводаи духтар ва дугонаҳояш бо «баҳ-баҳу чаҳ-чаҳ»
колоҳоро берун кашида, ба ҳиммати домод баҳогузорӣ мекарданд. Чашмони хизматгорҳои ҷавон, ки ин миқдор коло ва зару зеварро дар шаби хоб ҳам намедиданд, аз шавқ дурахшид ва онҳо аз остини якдигар кашида ба назди сандуқҳо омаданд, то зару зеварро аз наздик бубинанд ва бо ангушт ламс кунанд.
-Ҳушор бошен, бо чизера набардорен, чорчашма нигоҳтон дорум, - фарёд зад Маҳваш ва занҳо оҳиста аз назди сандуқҳо дур шуданд.
-Хола Наврӯз, у занакара бугӯ аҷала куна, чордаҳсола нест, ки аз пайи гулу гулоб бурава! - бо қаҳр гуфт Маҳваш.
-Никоҳ байни асру шом дуруст неста, намози шомра бухонем баъд даст ба кор шем, - гуфт кадоме аз ҳамроҳони домод. Фаришта ин хабарро аз хола Наврӯз шуниду оҳи сабук кашид, гӯё қарор буд дар ин як соат муъҷизае рух диҳад ва ӯ аз зери бори ҳамсарии Ҳашматулло раҳо шавад.
Фаришта бо асабоният ба тик-тики соати рӯи девор гӯш медод ва аз назди панҷара дур намерафт. Ҳаво оҳиста торик мешуд ва садои бигиру биёр низ камтар ба гӯш мерасид.
Ногоҳ Шопурро дид, ки бастаи бузурге дар даст аз паллаҳои нишемани оғо боло мерафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ