ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҷойе бари ту намонда магар хонаи Ҳашматулло, зиндагит фақат амуҷа ҷӯр меша. Зӯри Зарандуд ба ӯ намераса.
Ин таҳдидҳо ваҳшати издивоҷ бо пиракии шарурро кам мекард ё шояд дар назари хола Наврӯз чунин менамуд, ки ӯ банди зарҳалии бастаи колоҳоеро, ки бо худ оварда буд, боҷуръатона боз кард.
-Инора Ҳашматулло бари ту фиристода, куллагиш моли хориҷа аста. Буланд ша, меҳмоно амиёли мерасан.
Хола пероҳани сафеди шерозаҳояш зарҳалиро, ки шабеҳи пӯшиши хонумҳои оғо буд ба сари Фаришта кашид.
Фаришта аз ҷой наҷумбид.
-Кумак ку, бачем, қади пасти ма то болои ту намераса охи! - асабонӣ шуд ӯ. Фаришта аз ҷой намеҷумбид ва дастони шахшудааш боло намерафт.
Ин саҳна ӯро ба ёди арӯсакбозии замони кӯдакиаш бурд, ки бо хоҳаронаш аз чӯбу ресмонҳои ранга арӯсак месохт ва барояш курта медӯхт. Он чӯби беҳаракат пероҳанро осон ба тан намекард ва хоҳарон қаҳр мекарданду арӯсакро ба кунҷе мепартофтанд.
-Кош, хола ҳам аз мани арӯсак бигзарад ва муште ба сарам бизанаду ба кунҷе партояд, ба зери баргҳои хушк, ба зери пӯсти хок, ки дигар на Ҳашмате даркор бошад, на издивоҷе.
Аммо хола кори худро балад буд, сабурона пероҳанро ба тани Фаришта пӯшонд, тоҷи зарринро ба сараш гузошт, кафшҳои пошнабаландро пеши пояш гузошт ва чодари ҳарирро ба сараш кашид.
Аз берун садои “шаҳхел омад, шаҳхел омад!” баланд шуд, ки аз омаданаи домоду ҳамроҳонаш дарак медод.
Коко Ҳашматулло дар тан пероҳан, тумбону шалвори сафед, камзули беостини абрешимӣ, ва дар сар аммомаи сиёҳи рахдор дошт, ки як гӯшаи он чун ҳамеша мисли бодбезак дар теппаи сараш алвонҷ мехӯрд. Гунаҳои сурх ва ришу мӯйлаби тоза рангзадааш мисли анори расида медурахшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё