Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мушакҳои сурати хола якбора аз ғазаб таранг шуданд. Ӯ дер боз мехост ба ин зани шаттоҳ адаб омӯзад ва билохира ин фурсат фаро расид. Ду даст дар миён ба Зарандуд наздик шуд, дар ҳоле ки дандонҳояш аз ғазаб ба ҳам бармехӯрданд, ангушти таҳдидро дар зери димоғи ӯ такон дод.
-Бубин, хонум, ай имрӯз иборатан Фаришта ҳамсари Ҳашматулло меша, Ҳашмат кокои шуҳари ту аста, агар ҳарфи баде дар ҳақи ҳамсари Ҳашмат мегӣ, валлоҳ ма рост пеши шуҳарут мерам ва ҳарчира, ки аз кирдорут медонум руку рост пешуш момонум. Ту медонӣ, ки да и хона чизе ай назари ма пинҳон неста. Хиёл кадӣ, ма надидум читу ба рӯи у духтари бадбахт осид пошидӣ? Ё ӯ беваи ҷавона, ки бари кор омада буд, читу дар танӯр тела додиву куштӣ? Бозам бигам?
Дами Зарандуд якбора ба дарун зад. Аз лабханди тамасхуромезаш нишоне намонд. Пеши бараш башиддат пасту баланд мешуд, аммо садои нафаскашиаш ба гӯш намерасид. Пӯсти сафеди мармаринаш дар пеши чашми холаву Фаришта якбора ранги сурх гирифт ва ин сурхӣ аз бари рӯ ба гарданаш сарозер шуд. Донаҳои арақи ҷабин ва пушти лабаш дар рӯшноии чароғ дурахшиданд ва нафасаш кутаҳӣ кард. Ҳунари ҳозирҷавобиаш куҷое шуд, ки ба додаш нарасид ва ӯ музтарибона лабханд зад.
-Хо-хо, хоола Наврӯз, ...шумо иштибоҳ гирифтед. Ма ҳарфи баде нагуфтум, фақат пурсидум, ки зиндагиш дар мазраа чӣ рақам буда. Бубахшед, ага нохудогоҳ ба ӯ тавҳин када бошум...
Зарандуд инро гуфту бо шонаҳои шикаставу сари хамида аз ҳуҷра баромад. Дареро, ки чанд лаҳза беш бо нуги по боз карда буд, ончунон эҳтиёткорона пӯшид, ки ангор намехост гӯшҳои хола озор ёбанд.
-Дидӣ, бо кӣ тараф шудӣ? И мор ором намеша, ду се рӯз худа гум мекуна, то заҳр ҷамъ куна. Ҳушор бош, ки ай думболут шуда.

пешина
аз 473
навбатӣ