Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пойҳои Фаришта аз изтироб ларзиданд, ӯ ба дастаи сандалӣ такя зад, то наафтад. Ҳеҷ як ҳаракаташ аз назари Зарандуд, ки тамоми аъзои баданаш як чашми бузург шуда буд, пинҳон намемонд.
-На хонум, ман ҳеҷ гоҳ ба молхона нарафтаам, ҷойи корам ошхонаи хотун буд, барои келинҳои ӯ ғизо мепухтам, - гуфт Фаришта.
-Молхонара намегам, мегӯян оғо ба хонаи хотун ҳам сар мезадаст.
-Ҳеҷ гоҳ оғоро дар хонаи хотун надидам...он ҷо хотун буду ман ва модаршӯи пираш.
-Ҳмм, ...ба мехмонхонаи оғо чира нига мекадӣ? Нигоҳут сода набуд, кадом дарде доштӣ...
-Ҳеҷ... он панҷараро дидаму қочоқбарҳо ба ёдам омаданад, ки маро дар ҳамон нишеман бо пул иваз карданд...
ва ман, бадбахтона, ин ҷо мондагор шудам. Фаришта аз тарс ҳарферо ба забон овард, ки аслан дар зеҳнаш набуд.
Лабханди тамасхуромезе дар лабони Зарандуд зоҳир шуд.
-Хеле зарангӣ, ...аммо ман аз ту зарагтарам ва и достона то тагуш мерам.
Фаришта дошт аз тарс ғаш мекард, ки ғур-ғури худ ба худ гап задани хола Наврӯз аз пушти дар ба гӯш расид..
Ӯ Зарандудро диду ангор, деви ҳафтсарро дида бошад, рангаш парид. Медонист, ки аз забони Фаришта гап кашидан барои ин зани маккор осонтарин кор аст.
-Э, ... хонумҷон ту иҷа астӣ? Бари табрики Фариштаҷон омадӣ? Иншоаллоҳ, ишаб хонаи бахтуш мера.
-И хонаи бахта ту бари ӯ сохтӣ?
-На, ...ма иҷа чи кораюм, Фариштаҷон худаш хоста, коко Ҳашматулло чанд дафа пешуш рафт хонаи хотун, мисли ин ки амуҷа гапошон пухта.
-Эҳсоси ма инаста, ки Ҳашмат тано касе набуда, ки ба хонаи хотун сар мезада! Зарандуд ба тақлид аз шеваи гуфтори хола ӯро масхара кард.

пешина
аз 473
навбатӣ