ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Фаришта баъди рафтани Жило оҳи сабук кашид ва Худо мегуфт, рӯяш ба рӯи Зарандуду Маҳваш наафтад. “Аммо мага меша!” Зарандуд мисли товус замоне аз назди панҷараи хонаи истироҳати занҳо хиромон мегузашт, ки Фаришта чашм бар нишемани оғо дошт. Он қадр ғарқи хаёлҳои худ буд, ки ҳатто пероҳани зарҳалии Зарандудро, ки дар оғӯши нурҳои хуршеди рӯ ба ғурӯб шаъшаа мепошид, надид. Аммо Зарандуд дар рости панҷара манъ шуду Фариштаро хуб тамошо кард. Ба думболи нигоҳи ӯ рафту чашмаш ба панҷараи хонаи шавҳараш афтод. Дилаш якбора оташ гирифт. Ӯ як нафаси амиқ кашиду бе он ки ангӯшт бизанад, дарро бо нуги кафш боз кард.
Лабханди заҳролӯд дошт ва дар чашмонаш шарораҳои макру ҳиял медурахшиданд.
-Баҳ-баҳ, арӯси гул, бари дидани шоҳдомод лаҳзашуморӣ мекунӣ? - гуфту баланд хандид. Фаришта бо ҳарос аз панҷара дур шуд ва чашм ба замин дӯхт.
-Гуфтам хуб нест, ки дар ин хона маърака бошаву ма ба табрики арӯсхонум наравум. Ҳадяра пасон равон мекунум.
Як киреми хуб дорум, ки дар шаби никоҳ ба дардут мехӯра.
Ура ҳамрои шуҳарум дар Фаронса харидем. Фаришта эҳсос мекард, ки ин ҳошияравиҳо пешгуфтори ҳарфҳои ҷиддитар аст.
-Хуб... и издивоҷи аҷулона бо и ришсафеди фартут чӣ далел дошт, ки якбора сар зад?
-Аҷулона набуд, хонумҷон, билохира бояд рӯзе издивоҷ мекардам, кӣ беҳтар аз Ҳашматоғо, ки ҳам сарватманд асту ҳам танҳо.
-Ту гуфтиву ма бовар кардум!
-Ихтиёр дорен...
-У моҳҳое, ки хонаи Алтанхотун будӣ, чӣ мекадӣ?
-Корҳои хона, пухтупаз, шустушӯ...
-Оғора медидӣ? Меган рӯзои охир у тарафо бисёр мерафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё