Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-И гилема кай овардан? - пурсид ӯ бо ҳайрат.
-Як сол шуд хонумҷон, ира оғо ай Эрон оварда.
-Аҷаб, ма ира амиёли дидум... қашанг аст, рангош чашма навозиш мекуна. Жило нақшҳои фарши эрониро дуру дароз тамошо кард, баъд якбора ба худ омад ва ба Фаришта рӯ овард.
-Мага дар и мамлакат марди дига набуда?
Хола Наврӯз, ки Фариштаро ба сад заҳмат то инҷо расонда буд, намедонист даҳони Жилоро чигуна бубандад.
-Жилоҷон, мехой бугӯм, барот як қаҳва биёран, ай аму қаҳвае, ки дӯст дорӣ? Жило ҳарфи холаро нашунид.
-Ага и пиракӣ азиятут кад, ба ма бугӯ, ма медонум ура чӣ ту ҷазо бутум, - гуфт Жило ва зулфони тари Фариштаро бо лаби чодараш хушк кард.
-Аз тиреза бод мейод, бо мариз нашӣ... Муҳот қашанге, мисли шаб, мисли мӯи ҷодугарҳо...
Фаришта аз дилсӯзии Жило хиҷолат мекашид, аз ишқварзие, ки бо оғо дашт танҳо пеши Жилои беозор эҳсоси гуноҳ мекард.
Панҷаи сарди ин зани савдоӣ мисли харчанги раҳгумзада дар байни гунаҳои қирмиз ва гесувони нами Фаришта мехазид, аммо нигоҳи чашмони холияш дар кимкуҷои дигар буд. Ӯ ногаҳон дасташро аз мӯйҳои Фаришта берун кашид ва мисли одаме, ки дар ними роҳ утуи хомӯшнакарда ба ёдаш расидааст, як қад париду бо аҷла аз хона берун шуд.
Хола Наврӯз бо қомати резааш, ки то камари Жило мерасид, дум-думи ӯ медавиду дастакзанон чизе мегуфт, дақиқан мисли одами дурӯғгӯ, ки барои хок пошидан ба чашми ҳамсуҳбат далелҳои нестандарҷаҳон меорад. Хола Жилоро мисли фарзанд дӯст медорад, роздони ӯст ва аз ӯ ҳарфи пинҳонӣ надорад, аммо ҳоло вазъият фарқ мекунад, ҳоло пойи оғо дар миён аст. Эҳтимол намехоҳад ба равони заъифи хонуми калонӣ зиёни бештар ворид шавад.

пешина
аз 473
навбатӣ