Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаришта аз тирезаи бастаи оғо чашм намеканд, метарсид, мижа ба ҳам бизанад, то мабодо ларзиши пардаҳо, ё бозгашти оғо аз назараш дур бимонад. Қатраҳои об аз гесувони тараш сарозер мешуд ва рангҳои пероҳани зебоеро, ки хола Наврӯз ҳамчун ҳадяи арӯсӣ овард, ба ҳам меомехт.
Як дард надошт, сад дард дошт, аммо ӯ ҳамин якеро эҳсос мекард – набудани оғоро. Хаёлаш ки агар ҳоло оғо пайдо шавад, дардҳои дигар худ ба худ шифо меёбанд. “Мегуфт, ту гули нози манӣ, туро набинам диқ мекунам... шояд дурӯғ мегуфт, аммо чӣ дурӯғи ширине мегуфт!”
-Фаришта дарро боз ку, бачем, Жило хонум бари табрикат омада, - хола Наврӯз мисли ҷосуси эҳтиёткор се дафъа ба дар ангушт зад. Ниқоби хушҳолии сохта он қадр дар чеҳрааш часпида буд, ки беҳудаву баҳуда лабханд мезад, ангор, худаш издивоҷ мекард. “Бечора хола, саранҷом барояш дарди сар шудам!” Жило бо бастаи ҳадяҳои туёна ба думболи хола вориди ҳуҷра шуд. Чеҳраи хокистариаш тиратар аз рӯзҳои пешин буд, гӯё на ба табрики издивоҷ, балки барои таъзия омадааст.
Ӯ бо таассуф гунаҳои Фариштаро навозиш кард ва мисли табибе, ки аломатҳои амрозро аз мариз мепурсад, суоломез ба ӯ чашм дӯхт.
-Чаро ба и арӯсӣ розӣ шудӣ? Касе маҷбурат када?
-На хонумҷон, касе маҷбур накард, ...сарнавиштам будаст...
-И чӣ рақам сарнавишт аст, ки зани ҷавону зебое мисли ту бояд ба и пиракии шаҳватпараст издивоҷ куна?
-Шояд аз хизматгорӣ беҳтар бошад, - гуфт Фаришта, ки сайъ мекард ба чашмони ӯ нигоҳ накунад.
Жило хело сукут кард, гӯё арзиши хизматгорӣ ва ҳамсарӣ бо Ҳашматуллоро дар тарозӯи ақл бармекашид.
-Ҷойи афсӯсу надомат аст, аммо худ донӣ, - гуфт ӯ андешамандона ва ба нақшу нигори фарши зери по хира шуд.

пешина
аз 473
навбатӣ