ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданФаришта танҳо аз ин тасвир ки дастони касифи мӯйсафеди ҳаштодсола бадани ӯро ламс мекунанд, ба ларза меомад:
- Худоё маро аз ин кобус бедор кун, бубар ба зери ҳамон дарахти пир, агар мурдан насибам бошад, бигзор он ҷо бимирам!
Ҳавзи бузурги гармоба, ки чаҳор-панҷ метр сару бар ва умқи аз қадди Фаришта балантар дошт, лабрези оби ширгарм буд. Фаришта ҳавои саршӯӣ надошт, ӯ аз зинаҳои мармарӣ худро ба ҳавз партофту сарашро зери об кард. Қасди худкушӣ надошт, қавлеро, ки ба аҷуза дод, ёдаш аст.
Танҳо мехост садоҳои атрофро, ки дам аз тую маърака мезаданд, нашнавад.
Хола ӯро аз ҳамом ба ҳуҷраи рӯшану барҳавое бурд, ки эҳтимол хонумҳои оғо баъди гармоба дар сандалиҳои нармаш истироҳат мекунанд. Агар имтиёзи издивоҷ бо Ҳашматулло намебуд, Фаришта ҳатто ба погаҳи ин ҳуҷраи бошукӯҳ роҳ намеёфт. Дар ин ҳуҷра сандалиҳо аз ҳам фосила доштанд ва зарфҳои рӯи мизи қаҳванӯшӣ низ бо салиқаҳои муахталиф интихоб шуда буд. Ҳама зарфҳо зебову гаронбаҳо буданд, аммо чойнику финҷонҳои булурии мизи васат чашмро хира мекард.
-И миз моли Зарандудай, сайъ ку, акси худу оғора дар зарфо ҳаккокӣ када, ки занои дигара ҳасудишон шава ва пасон ҷанҷол бихеза. Оҳ каждуми зери бурё, ага пош ай ами хона канда мешуд, ном Худо чил шабу чил рӯз тӯй медодум!
Хола Фариштаро дар сандалии канори тиреза нишонд ва гуфт, ки ин моли Жилост. Панҷараи бузурги ҳуҷра ба тарафи меҳмонхонаи оғо боз мешуд. Нишемане, ки аз тирезаҳои ҳамеша бозаш садои мусиқӣ ва хандаҳои мастона ба гӯш мерасид, акнун суту кӯр буд, гӯё соҳибаш моҳҳо дари хонаашро боз накардааст. Танҳо шуъои хуршед дар шишаи панҷараҳо мунъакис мешуд ва ба намуди он хонаи матрука ҷон мебахшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё