Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чашмони ба ҳам наздики Маҳваш аз асабоният ба устухони барҷастаи бинии сергушташ наздиктар ва даҳони шабеҳи ангуштпонааш тангтар шуд. Ӯ аз ғазаб меларзид, аммо гуфти худаш “кулли кор дошт” ва намехост вақташро сарфи арбада бо Зарандуд кунад. Маҳваш худро аз муридҳои Ҳашматулло медонист ва намехост маъракаи ӯ бо ҷанҷол олӯда шавад.
-Оли бош и маърака бигзара, ма медонаму ту! - гуфт ӯ ва гӯшаи чодарашро бо қаҳр зери дандон гирифт. Ӯ бо ҷуссаи бузург ва хилъати васеъи дароз ба марде монанд буд, ки либоси занона ба бар кардааст. Омадани Фариштаро диду бо кароҳат аз ӯ рӯй тофт ва дар паси дари ошхона нопадид шуд.
Ҳавливу хонаҳо ҳамоне буданд, ки Фаришта борҳо дидааст, аммо чизе тағйир карда буд, чизе, ки Фаришта ба фаҳмаш намерафт. “Шояд ман тағйир кардаам, ки ҳар қадр ҷулутар меравам, дилам бештар метапад. “Фазои ҳавелӣ моломоли атри оғо ва заминаш пур аз нақши кафшҳои ӯст.
Ҳар ҷо ки менигарам, нишонаҳои ӯро мебинам. Оғои қалби афгори ман, агар як бори дигар туро бағал мекардам ва мӯйҳои фирфириатро мебӯсидам, армоне дар дилам намемонд.” Хола мисли кабутаре, ки бачаашро аз боша ҳимоят мекунад, дар гирду пеши Фаришта пар-пар мезад, то касе ба ӯ наздик нашвад. Шояд метарсид, ки асрораш фош мешавад ё нигарон буд, ки мабодо занҳо ӯро ба ин издивоҷ дудила кунанд. Фариштаро мустақим ба гармоба бурд ва “бош, ки барот колои тоза биёрам” гуфту дарро аз пушт баст. Эҳсос мешуд, ки изтироб дорад:
-Бечора хола Наврӯз, гумон дорад, ки ба ман некӣ мекунад, аммо намедонад, ки бо нияти хайраш маро ба ҷаҳаннам мефиристад.
Он чӣ аз сари Фаришта мегузашт барои худаш ва атрофиён таассуфовар буд, ҳатто барои занҳои ошхона, ки аксаран дар чордаҳ-понздаҳсолагӣ ҳамсари мардҳои чилсола шудаанд ва баъзеи онҳо бо ҳамсарони дуюму сеюми шуҳарҳояшон зери як сақф мезистанд.

пешина
аз 473
навбатӣ