ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Онҳо маҳзи аз мошин берун шудани Фаришта гӯё ҳайкали санг шуданд. Аз он чеҳраҳои сангин ҳасрату ҳамдардӣ ва таассуф ба зулму беинсофӣ хонда мешуд.
Зимоми мизбонӣ дар дасти Маҳваш буд, ки овози дупустааш ошхонаро меларзонд. Ҳанӯз ними тани ӯ аз дари ошхона берун нашуда, ҳайкалҳои сангӣ ба ҳаракат даромаданд ва дубора ба кор часпиданд.
Зарандуд аз панҷараи хонаи хобаш, дар қабати дуюми бинои васат, сар берун оварда, ба давутози хизматгорҳо назора мекард ва хушҳолии худро аз издивоҷи Фаришта бо Ҳашматулло бо шӯхиҳои ноҷо пардапӯш менамуд. Аз ҳамон рӯзи аввал дилаш аз ин зани ғариба дур рафта буд. Ӯ завқи шавҳарашро медонист ва ҳамеша хавотир буд, ки саранҷом оғо ин хонуми тоҷикиро ба дом меафтонад. Аз ҳамсари хурдии оғо нигарон набуд, чун медид, ки оғо ба ӯ дилбастагӣ надорад ва он хонум ҳам як моҳ ин ҷо асту даҳ моҳ дар хонаи волидонаш. Аммо аз Фаришта хавотир буд.
Рӯзе, ки Маҳваш Фариштаро ба молхона бадарға кард, Зарандуд шод шуд. “Мошоллоҳ, хонумҷун, корои хубам балад будаӣ” гуфт. Ӯ ҳоло шӯхӣ мекарду танҳо худаш ба шӯхиҳояш мехадид.
-Чолаҳора ҳамвор кунен, ки мабодо домоди ҳаждаҳсола аз ҳаяҷон пешпо нахӯра, - мегуфт ӯ ба хизматгоре, ки ҳавлиро ҷорӯб мезад.
-Дар маъракае, ки Маҳвашхонум саркор бошад, иншоаллоҳ арӯсу домод ба пойи ҳам пир мешаванд ва як хона бачу кач мезоян. Хизматгор даҳонашро бо рӯсарӣ баста буд ва сарашро хам мекард, то Маҳваш хандаи чашмонашро набинад. Зарандуд ба шӯхии худ баланд хандиду Маҳвашро хашмгин кард.
-У каллаи бемағзта дарун дарор, ки агар ма буланд шавум сар ай гарданут ҷудо мекунум, мори заҳрогин!
-Мор мутааллиқ ба клоси ҷонварои боҳуш аст, вой аз баҳмут, ки бо он ҷуссаи бузург як қошуқ мағз дорад, намунаша хо ай мо беҳтар медонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё