ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Шопур муҳаррикро дар саҳни ҳавлии пур аз давутозу омодагӣ ба маросими никоҳ, хомӯш кард ва аз оина ба Фаришта чашм дӯхт, лабони нимабозаш омодаи гуфтани хабаре буданд, аммо нигоҳи маънидори хола Наврӯзро диду хомӯш шуд.
-Роша, бачем, кулли кор дорем, - гуфт хола ва аз сандалии назди ронанда сабук ба берун ҷаҳид. Фаришта шабеҳи саге, ки базӯр ба шикор мебарандаш, ба кунҷи сандалии мошин паноҳ бурд.
Хола даст дароз карду домани Фариштаро кашид, аммо ӯ хорпуштвор ба худ печиду ба гӯшаи дуртар рафт, дасти хола ба он ҷо намерасид. Хола то миён ба мошин ворид шуду бо ишораи абрӯ пурсид, ки “чӣ хабар аст?”.
Фаришта сарашро такон дод ва бо кафи даст даҳонашро пӯшид, то фиғон накашад.
Шопури аз ҳама гуру бало бахабар гунгакбозии холаву Фариштаро аз дур назора мекарду бурутҳои сар ба болояш оҳиста ба гӯшаи лабонаш мехамиданд. Дилаш ба ҳоли ин ғариба месӯхт, пушт ба ҳарду гардонд, ки ин саҳнаро набинад. Ӯ марди сигорӣ нест, аммо барои ҳолатҳои дилтангӣ як ду нахро дар ҷайбаш нигоҳ медорад. Сигорро рӯшан карду дуртар аз мошин сари по нишаст.
Хола Наврӯз бо асабоният банди дасти Фариштаро маҳкам фишурд.
-Сайъ ку, чӣ мегам! Ҳама чӣ тамом шуда, дига раҳи бозгашт надорӣ. Бари ма сар такон нате, и ма набудам, ки тура зери пойи оғо хобондум, буланд шу, ва илло худа канор мекашум, ту медониву бадбахтиҳот!
Фаришта ноилоҷ аз ҷой такон хурд. Ҷанини батнаш эҳтимол беш аз як қатра об вазн надошт, аммо сангинии як зани моҳу рӯзро ба модараш медод, ки бод кардаву базӯр вз ҷой меҷунбад. Занҳои хизматгор бо духтарони қадраси худ рӯбучину пухтупаз доштанд ва курсиҳои нармро дар атрофи кат чида, ҳавлиро барои қабули Ҳашматулло омода мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё