ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Фаришта ба асабонияти хола Наврӯз, ки ба маънои “биҷумб духтар!” гоҳ бо чашму гоҳ бо абрӯ ишора мекард, аҳаммият надод ва бетардид ба сӯи тахти хоби аҷуза рафт.
Кампир рӯи тахташ сокит менишаст, гӯё гӯшу ҳуш буд, ки дар ҳавлӣ чӣ мегузарад.
-Худо нигаҳдор модарбузург, ман меравам... - овози Фаришта ларзид. Аҷуза ба гӯшаи чашмони шилпуқаш ба ӯ нигоҳе ғазаболӯде афканд.
-Нолаву шикваро дар зиндони қалбат маҳбус кун, ғариба, қавӣ бош, то аз ин варта раҳо шавӣ. Онеро, ки барояш ҷонсарак шудаӣ, парвои ту нест... шаҳдро бо ӯ чашидӣ, пиёлаи заҳрро танҳо нӯш мекунӣ, то позаҳр ҳам бирасад...
Ёдат бошад, саранҷом худро пайдо мекунӣ...
Фаришта хам шуд, то дасти рости аҷузаро бибӯсад, аммо пиразан худро ақиб кашиду дасти чапашро рӯи сари ӯ гузошт ва зери лаб дуоеро бо забони номафҳум замзама кард.
Мошини Шопӯр чангу хоки кӯчаро ба осмон бардошта, бо шитоб ҳаракат кард, гӯё мехост аз ин макони олуда ба дарду ғусса дуртар биравад. Фаришта аз тирезаи пуштӣ бори охир ба Алтанхотун, ба боми баланди молхона, ба ҷодае, ки ӯро борҳо ба чаманистони висол мебурд, нигоҳ кард. “Оҳ, оғо, ғами ту саранҷом маро мекушад.” Хотун давида наметавонст, аммо аз паси мошин тунд-тунд қадам мезаду дастафшонӣ мекард, шояд бовар дошт, ки ҳанӯз метавонад чизеро тағйир диҳад. Кулбаи назарногири Алтанхотуни хушқалб дар паси пардаи чанги мошини Шопур аз назарҳо нопадид шуд.
Дарбон мошинро аз дур диду калиди барқиро, ки рандаоҳани найзамонанди болову пойни дарро ба замину сақфи филизӣ мечаспонд, фишор дод ва чархои оҳанин табақҳои дари бузургро бо садои нофорам оҳиста аз ҳам дур кард. Шопур сар ба рӯи чамбари мошин гузошта бар чизе меандешид ва чашмонаш дар нуқтаи номаълуме гир карда, “роҳ” медиданд. Ниҳоят дар пурра боз шуду хола бо ангушт ба китфи Шопур хала зад, ки роҳӣ шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё