ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Гуфт падарума кати гусфандаш ав бурд. Дига мурдашам наёфтан.
Ҳарду то ними шаб дарди дил карданд. Фаришта эҳсоси аҷибе дошт, гӯё шикамсерӣ бо модари худ суҳбат кард.
Мисли ҳамеша Алтанхотунро ногаҳон хоб бурд. Фаришта қалпоқи аз сараш лағжидаи ӯро бо муҳаббат бардошу рӯи болишт гузошт ва дар паҳлуи ӯ дароз кашид.
Саҳар акнун чойники доғро рӯи суфраи субҳона мегузошт, ки аввал садои мошин, баъд ҷангир ҷингири калидҳои ҷайби хола Наврӯз ба гӯш расид ва ба думбол қомати резааш дар дами дар зоҳир шуд. Аз хонаи калон то молхона роҳ тӯлони нест, мешавад пиёда рафту баргашт.
Аммо хола Наврӯз барои таъкиди мақому манзалаташ роҳи даҳдақиқагиро савори мошин меояд.
Фаришта зоҳиран ором менамуд, аммо дар ботин тӯфоне дошт харобиовар, ки ҳамаро баҳам мезаду чаманистони ишқу умедҳояшро решакан мекард. Ӯ интизори саломуалейк нашуд, хомӯшона ба хона даромад ва баъди лаҳзае буғчае дар даст аз дар берун шуд.
Хола Наврӯз аз ҷабини Фаришта бӯсиду “мошоллоҳ духтари оқили ман” гуфт. Ғамангезтарин лаҳза худоҳофизи бо Алтанхотун буд, Фаришта қавл дод, ки дигар барои бадбахтиҳои худ ашк намерезад, аммо чашмони нами хотунро диду гиряааш омад.
-Заҳматҳоятонро бубахшед, Алтанхотун, то вақте зиндаам барои шумо дуо мекунам...
Хотун гардани Фариштаро раҳо карду ҳунгасзанон худро ба тушаки рӯи кат партофт. Қалби нозуки ӯ таҳаммули дидани мусибатҳои беохири ин ғарибаро, ки барояш аз хеш ҳам қаринтар шуда буд, надошт.
Хола Наврӯз аҷала дошт ва ҳар лаҳза маънидорона овоз рушан мекард, гӯё агар Фаришта ду дақиқа дер кунад дунё аз бордориаш бохабар мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё