Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хеле сукут кард, то билохира ором шуд ва достонашро идома дод.
-Дувоздаҳсала пур накада будум, олӣ пеши барам надамида буд, ки мара ба бағали мардаки бист сал ай худум калантар партафтан. Ӯ барадари лавдаи ма, худа гунаҳаша бубахша, мара ба авази панҷ гусфанд ба у мардак ба занӣ дад. Ма алӣ ҳайз надида будум, бача будум. Шави никаҳ у мардак бо ма хав шид, и тани ма дар тайи пойи у марди барзангӣ то саҳар лахтаву пара шуд. Аз ҳуш рафтум, мардак хаял када, ки ма ҷан дадум, саҳарӣ мара нимҷан авраду пеши дари барадарум партафт. Маюб шудум, айбам боша, як маҳ ахлотум ай пеш мебарамад, ...хаял кардум зидагӣ тамам шуда. Пасан, дидан, ки дига намеша, мара шафахана бурдан, амал кардану духтан, ду маҳ да шафахана будум.
Се сал бадуш ами мусафеди шуҳарум, ки аялуш қаза када буд, бари ма хастгар шуд. Ма иқа ай мардак метарсидум, ки дасту паҳома баста бу ханаи шуҳар бурдан.
Фазли худа, адами хуб барамад, шаш маҳ мада кардар нашуд, ай ма мурақабат кард, ма ба ӯ дил бастум. Барош ҳафт бача авардум, зиндагим хуб шуд. Ами мадаршӯям ба ма бисяр кумак карда, аму рӯзи авал гуфт:

  • Духтар, ба марди хубе шуҳар кардӣ, ҳафт бача ба дунё меорӣ, аз зиндагит розӣ мешӣ. Гуфтаи ҳами кампир шуд. И гапара бари и мегам, ки ту биданӣ, дуня даим яксан намемана, ту баяд таваккул ба худа кунӣ ва сабур башӣ. Яд бигир, ки дарди худу фурӯ барӣ ва ба касе нишан надӣ..
    Достони талхи Алтанхотун Фариштаро мутаассир кард.
    Ӯ мӯйҳои мошу биринҷи хотунро, ки бо қалпоқи хокистариаш ҳамранг буданд, навозиш кард. Ҳатто наметавонист тасаввур кунад, ки ин зани меҳрубону дилсӯз чунин рӯзҳои талхро аз сар гузаронидааст.
    -Алтанхотун, тақдири бародаратон чӣ шуд?
    -Худа шаҳид, мо уро ҳиҷ вақте дуъаи бад накадум, аммо дар ами бачаи сеюм ҳамила будум, ки писаруш гиря када амад.
пешина
аз 473
навбатӣ