ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Гушна шудӣ, нан мехурӣ? Ту баяд гушна намони ахи, ҳали у уштуки бечара чӣ меша?
-Ташаккур хотунҷон иштиҳо надорам, аммо аз як коса мост рӯ наметобам.
-Ҳар қадар ки дилат бихая, буру ба хона, барет маст меарум.
Фаришта мостро дам кашиду тасфи дарунаш фурӯ нишаст. Хотун бо тараҳҳуми як модар, ки ба духтари сиёҳбахт нигоҳ мекунад, чашм аз рӯи Фаришта барнамедошт. Нигоҳи ӯ буғзро дар гулӯи Фаришта ҷамъ мекард ва хорияшро меовард.
-Фариштаҷан, мехом бари ту як дастана худа бугум.
Амиялӣ ту фекр мекунӣ, ки дуня ба ахир расида ва дига чизе хуб намеша. Итурӣ неста. Ҳамачӣ дига меша, дуня мичарха.
Ма ай бачагӣ сағира мандум, падару мадарам барвахт ба раҳмати Худа рафтан. Мора бо хаҳарум як барадари лавда даштем, аму кати зануш, ки як аёяли бисяр бадфеъл буда, нигаҳу бин мекад. Нигаҳубини чӣ! Хуни мора мехӯрдан.
Бача будем, амма ай саҳар та бега рамабанӣ мекардем ва бегаҳ либас мешустему хана таза мекадем. Янгаи ма ба бародарум шикаят мекад, ки хаҳарот бисяр нан мехӯра ва кар намекунан, барадармон мора ба қамчин мезад ва мегуфт бари ино дига нан надеҳ. Мо даим гушна будем. Хаҳарам кучактар буд, аз гушнагӣ гирян мекад, ма мегуфтум ангушти даста бимак, хиял кун, ки қанд баша. Дар зимистан ҳуҷраи мо аташдан надошт, янга аташ намедод. Ма кати хаҳарум шабои сард якдигара бағал мекадем, ки ай хунакӣ намурем. Як саҳар дасти хаҳарма гирифтум, ки бедар шава, дидум, ки кабуд шуда, хаҳаракум аз гушнагиву хунукӣ мурдаст. Ҳашт салаш буд.
Алтанхотунро ашк гулугир кард, ӯ буғзи гулӯяшро қурт медоду ҳиқ-ҳиқи гиряашро фурӯ менишонд, вале шонаҳояш аз алам меларзиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё