ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
“Мегӯянд, ки шохаҳои хушкидаи ту мӯъҷизаи исоӣ доранд, агар ин афсонае беш нест, илтиҷо дорам, шафоат бикун оғоро ба ман ва маро ба ватанам баргардон.” Фаришта беш аз ин таҳаммули будан дар чаманистони холӣ аз шоҳзодаи афсонавиро надошт, аммо нахост бо пероҳани тар ба хона баргардад, гӯшаи офтобии чаманзорро интихоб карду рӯ ба офтоб дароз кашид. Шиҳаи Шабдиз аз дур ба гӯш мерасид. Шояд аз дидани галаи аспҳои ваҳшӣ ба ваҷд меомад. Бехобии шабҳои гузашта, дибеҳузурӣ ва фишори равонӣ Фариштаро беҳол карда буд ва ин аст, ки пилки чашмонаш оҳиста ба ҳам омад ва аз оламу одам бурида шуд.
Як замон навозишеро дар гунаҳояш эҳсос карду бо ҳаяҷон чашм кушод. Шабдизро дид, ки бо забони дурушташ сару рӯи ӯро мелесид. Фаришта сари аспро бағал карду аз пешонии қашқааш бӯсид. “Маро фаромӯш накун, азизам, рӯзҳое, ки ба думболи маъшуқи ваҳшият ин даштро убур мекунӣ, маро ба ёд биёр, мани ғарибаро, ки дар ин ғамкада дӯстони зиёд надорам ва ту беҳтарини онҳоӣ. Агар рӯзе ба ватанам баргаштам, бароят кокулҳои зарин мефиристам, то дар гӯшаҳои афзорат биовезӣ ва дар назди маъшуқаи ваҳшият худнамоӣ кунӣ.” Асп гӯё ҳарфҳои Фариштаро мефаҳмид, ки маҳзунона сар хам кард ва сипас сар ба сари Фаришта гузошту ӯро тела дод, ки аз ҷой баланд шавад.
Галабони пир дар лаби ҳисор бесаброна пасу пеш мерафт ва худ ба худ ғур-ғур мекард, ангор аз хайрхоҳии худ пушаймон буд. Шабдизи солимро диду лабханди ширине даҳони бедандонашро ба намоиш гузошт. Пирамард нахост бо Фаришта рӯ ба рӯ шавад, шояд намехост ӯро дар хиҷолат гузорад, пушт гардонду аз лаби ҳисор дур шуд. Фаришта лаҷоми Шабдизро дар назди дарвоза сар дод. Асп як бор ба пушти сараш нигоҳ карду юрғакунон ба сӯи гала рафт... “Ту ҳам рафтӣ, паноҳат бар Худо!” -Дер кадӣ, бачем, дилам гумани бад кад, - Алтанхотун Фариштаро дар саргаҳи ҷодаи ҷуворизор истиқбол кард ва бо эҳтиёт ба чеҳрааш нигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё