ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Эй ҳайвони дилёб, кош ҳама чун ту содиқ мебуданд..
Хеле роҳ рафтанд ва билохира Шабдиз ӯро ба чаманистони ошно овард.
Дашт дар оғӯши гармсел хомӯшона метапид ва гулу гиёҳ шабеҳи занҳои сарторик аз бемадорӣ ба якдигар такя мезаданд.
Ин макон бидуни оғо суту кӯр буд ва ҳатто хониши паррандаҳо низ наметавонист ба сукути маргбораш ҷон бубахшад.
Фаришта хаёл мекард, ки зиёрати ин макон ба рӯҳи латмадидааш илтиём мебахшад ва эҳсоси он рӯзҳои шодро дубора зинда мекунад, вале ба ҷуз як ҳалои бузург дар ҷони худ ва ҳам дар қалби ин дашти бекарон, дигар чизе наёфт.
Макон, ҳамон макон буд, аммо ангор рӯҳ надошт.
Дарахти ошно чун пирамардон дар такяи решаҳои ковоки худ гӯё беҳолона пинак мерафт ва ба дунёи пуршӯри паррандаҳо, ки дар лобалои шохаҳояш овоз мехонданд ва ишқварзӣ мекарданд, коре надошт. Селаи гунҷишкҳои густоҳ пораҳои пӯсти дарахтро аз тани пираш ба замин парт мекарданд ва нулзанон аз сӯе ба сӯе мекашиданд.
Чамани зери дарахт, ки бистари махмалини ишқварзии Фаришта буд, дигар таровате надошт. Гӯё тӯфоне аз ин макон гузашта буд, ки на ба ҷони сабза раҳм мекард, на ба ҷони себарга. “Чӣ дунёи хаёлие бароям сохтӣ, оғо, ки ту набошӣ ин дунё ҳам нест. Сеҳри ин макон дар бозтоби ҷаззобияти ту буд, вагарна ғамкадае беш набудаст.” Фаришта бо он чӣ дар тан дошт, ба ҳавз даромад, оғӯши лабрези ҳавз низ бе оғо холӣ буд, меҷӯшиду гармӣ намедод.
Ҳавзро убур карду ба зери дарахтҳои хушкида рафт. Бод дуову нийоиши корафтодаҳоро, ки бо латтаву риштаҳои рангоранг ба шохаҳои хушкидаи дарахтҳо гиреҳ карда буданд, чун парчами дарида алвонҷ медод. Фаришта лаби рӯсарии сабзашро пора карду ба шохаи наздиктарин овехт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё