ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Баробари берун шудан аз дарвозаи ҳисор аз хушҳолии Шабдиз осоре намонд. Асп бо хотири ошуфта ба чаҳор тараф зул мезад, гоҳ фукушро баланд мекарду ҳаворо бӯ мекашид ва гоҳ сар хам мекарду сангҳоро ба чапу рост тела медод.
-Писари қашанг, оне ки ту меҷӯӣ, инҷо нест. Оғо дигар нест...
Асп бо нигаронӣ сар бардошт ва ба сӯи гала шиҳа кашид, дудила буд, ки бимонад ё биравад. Фаришта пӯсти барроқи Шабдизро навозиш кард ва як мушт қандро, ки бо худ гирифта буд, аз ҷайб берун овард. Асп қандҳоро бӯй кашиду бетафовут ба самти таҳдашт нигоҳ кард.
-Бигир, ман инҳоро барои ту овардам ё қанде, ки он оғо меорад, ширинтар аст? Асп каме фахуфих кард ва сипас дар ҷодаи ошно қадам бардошт. Фаришта маъюс шуд. Рафтори асп бо ӯ хасмона набуд, аммо гармии қаблиро ҳам надошт, ба навозишҳо посух намедод. Гӯё аз тамоми рӯзҳои ошноӣ бо Фаришта танҳо ҳамин ҷода дар ёдаш монда буд, ки вазнинвазнин ба ҳамон самт мерафт.
Фаришта мехост савори асп шавад ва сареътар ба чаманистони орзуҳояш бирасад ба маконе, ки дар онҷо ӯ духтари шоҳи париён буду шоҳзодаи афсонавӣ пойбӯсаш.
Аммо рафтори бегонавори Шабдизро диду ҷуръат накард.
Лаҷомро ба даст гирифту баробари асп қадам зад.
Пирамард то дергоҳ аз паси онҳо нигоҳ кард ва сипас найро ба лаб гузошту дуди дилаш дар пардаҳои оҳанги ғамангезе печид.
-Чаро бо ман сард шудӣ? Ёдат рафта, ки сар аз кифтам барнамедоштӣ ва мӯйҳоямро мисли алаф мечаридӣ? Шабдиз гӯш ба карӣ зада, бо гардани баланд дар ҷодаи ошно пеш мерафт.
“Ин шайтон аз оғо пайравӣ мекунад, оғо ба ҳар кӣ ишқ варзид, Шабдиз низ ба ӯ дил мебандад то соҳибашро хушҳол кунад кунад”. Фаришта ёли зебои Шабдизро бо панҷаҳояш шона зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё