ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Саранҷом, Шабдиз низ ӯро дид ва аз гала ҷудо шуду баланд шиҳа кашид. Асп чашм аз дари ҳисор намеканд, бесаброна заминро лагад мезад ва ба писари галабон, ки мехост ӯро ба аспҳои дигар ҳамроҳ кунад, гардан намедод.
Галабони пир ба сӯи писаронаш чӣ ишорае кард, ки ҳамон навраси харгӯшдандон, коҳилона ба сӯи Фаришта омад. Лабханди мармузе дандонҳои бузургашро урён мекард.
-Салом хонум, амре доштӣ?
-Амр куҷо буд, ман, ки омир нестам, хостам Шабдизро бубинам ва каме беҳеш сайру гашт кунам...
-На хайр хонум, иҷоза нест... агар балое ба саруш биёя, оғо аз мо домангир меша.
-Ту ҳам метонӣ бо ма биёӣ...
Иҷоза нест хонум, падар нороҳат меша.
Фаришта хиҷолатомез ба тарафи галабони пир нигоҳ кард. Пирамард нимхез шуда, аз писараш чашм намеканд.
-Оҳой бача!- фарёд зад ӯ ногаҳон ва ҷавонак чангу хоки майдони дави аспҳоро бо кафшҳои даридааш боло бардошта, осемасар ба сӯи падар давид.
Фаришта ба дидори Шабдиз низ ноумед шуд ва тани танҳо лаб-лаби ҳисор ба сӯи таҳдашт қадам бардошт.
-Хонууумм!
Садои писари галабон ӯро дар нимаи роҳ дарёб кард.
Фаришта баргашту Шабдизро дид, ки юрғакунон ба дарвозаи хисор наздик мешуд. Ҷавони наврас лаҷоми аспро дар гӯшаи зин басту ақиб баргашт. Фаришта аз хайрхоҳии галабони пир мутаассир шуд ва даст пеши бар ба сӯи ӯ таъзим кард.
Пирамард бо ишораи “бирав паноҳат ба худо” даст афшон ва бо ҳаёҳуй аз пайи ҷамъоварии якчанд аспи саркаш шуд, ки ба думболи Шабдиз медавиданд. Шояд ӯ саргармиҳои кӯтоҳмуддати хоҷаашро медонист ва барои ин зан, ки соатҳо дар лаби ҳисор интизорӣ мекашад, мутаассиф буд, ё шояд эҳсос мекард, ки ӯ аз раҳпоии беҳуда хаста шудааст ва барои охирин бор дар ин маконҳо офтобӣ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё