Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шояд амдан аз ман канораҷӯӣ мекунад. Надидани ӯ сангинтар аз ҳама балоҳоест, ки ба сарам омада...
Алтанхотун каме сукут кард, аммо ногаҳон чашмони ашколӯдаш барқ заданд ва чеҳраи афсӯрдааш рӯшан шуд.
-Фариштаҷан, ма адами пайсадар нестум, аммо да ханаи ма як даҳан нан бари уштуки ту яфт меша, ба у ришсафеди таҷавузгар издиваҷ наку, амиҷа пеши худум биман, чи гуфтӣ?
Фаришта дастҳои Алтанхотунро бӯсиду ба гунаҳояш молид.
-Эй кош мешуд! Аммо ман як бардаам, магар касе хостаи бардаро иҷобат мекунад? Имшабро бо зорӣ аз хола Наврӯз иҷоза гирифтам, ки ин ҷо бимонам, мехоҳам як бори дигар то таҳдашт биравам ва бо макони ишқу хушбахтиҳоям падрӯд бигӯям...
Фаришта шохаҳои хушкидаро зери дегдон гузошту гугирд зад, забони дарози оташ сару бари дегдонро мелесиду чӯбҳоро хокситар мекард ва дуд аз димоғи деги сиёҳ баланд мешуд.
-Алтанхотун, биравед, ҳавои дудолуд барои саломатии шумо хуб нест ... нигарони наҳори келинҳо набошед, то омодан онҳо суфраро омода мекунам.
Хотун бо дили нохоҳам аз ҷой баланд шуд, ҳарфе барои гуфтан дошт, аммо дудила шуду лаб фурӯ баст.
Пероҳани рангаи Фаришта баъд аз зуҳр дар лаби ҳисор намудор шуду писарони галабон маънидорона ба якдигар нигоҳ карданд. Фаришта садои онҳоро аз фосилаи даҳпонздаҳ қадам намешунид, аммо мутаваҷҷеҳ шуд, ки галабони пир чизе ба писаронаш мегуфт, ки онҳо сарҳои худро пойин андохтанд.
Фаришта шиҳаи Шабдизро аз дӯр шунид ва сипас гардани баландаш дар байни аспҳои дигар намудор шуд. Ба умеде, ки асп ҳам ӯро бишиносад, дар имтидоди ҳисор мерафту меомад.

пешина
аз 473
навбатӣ