Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ва... бордор шудам...
Ин розро ба хотире ифшо кардам, ки агар фалокате ба сарам омад, ба оғо бигӯед, ки ман аз ӯ обистан будам...
Алтанхотун, ки ҳанӯз аз хабари издивоҷи Фаришта бо Ҳашматулло ба худ наомада буд, бо шунидани ҳарфи ҳомиладорӣ лол гашт. Чашмони тангаш, ки ду қатра ашк дар онҳо ба зӯр меғунҷид, ҳавзи пур об шуд. Ӯ Фариштаро модарвор бағал кард.
-Ҷани мадар, ма ага ҳазир ба ядут биярум, ки тура ай ӯ аға хабардар када будум, дига и файида надара. Кор ай кор гузашта.
-Алтанхотун, Худо шоҳид, пушаймон нестам, агар ҳамин ҳоло оғо пеши рӯям пайдо шавад ва маро бо худ ба таҳдашт бихонад, боз ҳам ба думболаш меравам. Ӯ тамоми зиндагии ман аст ва ман то ба ҳол азизтар аз ӯ касеро надоштам.
Намедонам шумо маро дарк мекунед ё хайр.
Алтанхотун пушти ҳам мижа мезад ва бо ҳайрат ба ҳарфҳои Фаришта гӯш медод. Эҳтимол саъй мекард ба ёд биёрад, ки оё ӯ низ дар тӯли умраш чунин дилбастагии девонаворро боре таҷруба кардааст ё хайр.
-Издиваҷ ба Ҳашматулла и пешниҳади Наврӯз буда?
-Оре, хола нигарон аст, ки агар ҳамсарҳои оғо аз қазия огоҳ шаванд, интиқомҷӯӣ мекунанд...
-И нигараниш дуруста, амма ахи чаро ба Ҳашмат? Мага адами дига набуда?
-Хотунҷон, оғӯши ҳар марди дигар, пир ё ҷавон, ба ҷуз оғӯши оғо бароям ҷаҳаннам аст. Аммо хола сарнавиштеро баром рақам зад, ки ҳазор бор бадтар аз мурдан ба дасти занҳои оғост.
-Аға чӣ мега? Мидана ту бардар шудӣ?
-На хайр, оғоро ду ҳафта боз надидам, ангор, об шудаву ба қаъри ба замин рафтаст. Имрӯз бо умед то саисхона рафтам, гуфтанд рӯзҳо боз пайдош нест...

пешина
аз 473
навбатӣ