Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаришта аз панҷара ба берун нигарист.
Хола ба манзури муборак шавад, ба китфи хотун тап-тап заду гунаҳкорона аз ӯ чашм гурезонд ва бодвор аз ҳавлӣ берун рафт.
Алтанхотуни моту маҳбут дергоҳ ба худ наомад. Гоҳ ба сурати маҳзуни Фаришта, ки пушти панҷара шах шуда буд, нигоҳ мекард, гоҳ ба бодвор рафтани хола Наврӯз. Гӯиё хабари марги азизеро шунида бошад, ки хам мешуду даст ба зону мезад ва “вой, вой, ахи чара?!” мегуфт.
-Алтанхотун! - Фаришта ба хотун ишора кард, ки ба ошхона биёяд.
Хотун ончунон дар худ фурӯ рафта буд, ки бо шунидани номаш як қад парид ва баъд зонузанон ба сӯи ошхона рафт.
Ҳуш дар сараш набуд, дар дами ошхона ба ёдаш расид, ки чавкиашро нагирифтаст.
-Фариштаҷан, ахӣ чира, ...ахӣ чира ба и издиваҷ разӣ шудӣ? - мегуфт хотун, ки аз ошуфтагӣ ҷойи ҳамешагии сандалиашро гум карда, чаҳор тараф чарх мезаду намедонист дар куҷо бинишинад.
Фаришта дегро рӯи оташдон гузошту оташро рӯшан накард, сарипоӣ рӯ ба рӯи хотун нишаст.
-Достони ғамангезе дорам, Алтанхотун, ки аз гуфтанаш оҷизӣ мекашам. Шояд шумо ҳам баъди шунидани ин достон аз ман мутанаффир шавед.
-Ном Хода, мага меша, -ҳайрати Алтанхотун лаҳза бештар мешуд.
-Розеро ба шумо мегӯям, ки барои маҳрам доштанаш пеши хола Наврӯз савганд хӯрдам. Гирифтории бузурге дорам, ки зиндагиро дар назарам ночиз ва маргро арзишманд мекунад.
-Хода накуна...
-Ман ба оғо ошиқ шудам, девонавор, ба ҳадде, ки агар бигӯяд, бимир, бетардид мемирам. Шабу рӯзе, ки шумо дар саисхона аз аспи бордори ӯ муроқибат мекардед, ман то дили шаб дар таҳдашт бо оғо ишқ меварзидам ва ...

пешина
аз 473
навбатӣ