Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рӯзаи сукут нагӣ духта, бугӯ, ки фомидӣ чӣ гуфтам?
-Холаҷон, оғора надидед?...
Хола интизори ҳар суолеро дошт, магар ин якеро. Ӯ бо асабоният абрӯ дарҳам кашид ва чашмони аз нороҳатӣ тангшудааш дар байни тӯри ожангҳои бешумор нопадид шуданд. Лаб зери дандон гузошт то ҳарфи баде аз даҳонаш берун наояд.
-Охи тура ба оғо чӣ кор?! Ило ку яхаи оғора! Амиёлиам нафомидӣ, ки ту бари оғо як дилхушии дурӯза будӣ? Агар мехой ай ма бишнавӣ, мегӯм рӯи ӯ оғора мурдашӯ бибина!
Номи ӯ номарда дига пеши ма нагӣ, валлоҳ, дига рута намебинум!
-Ҳарчӣ шумо бигӯед, хола ман дигар тавҷеҳе надорам...
Фаришта сарашро дубора рӯи домони хола гузошту чашмонашро пӯшид. Издивоҷ бо Ҳашматуллои манфур ва ҳатто кӯдаки нохостааш, дар баробари вазни ғуссае, ки ҳиҷрони оғо дар дилаш гузошт, кӯчак буданд.
-Васоилта ҷамъ ку, роша, хона мерем!
-Холаҷон, иҷоза бидиҳед ҳамин имшабро дар хонаи хотун бимонам, фардо саҳар бармегардам, хоҳиш мекунам...
Хола бо шубҳа ба Фришта нигоҳ кард.
-Чӣ дар сар дорӣ, духтар? Бо коре накунӣ, ки шармандаи ду олам бишем.
-Нигарон набошед, аз хати кашидаи шумо берун намеравам.
-Ба ҳарфот бовар кунам?
-Ба Худо қасам...
Хола бо ҷингир-ҷингири бастаи калидҳои анбору ганҷурхонаи оғо, ки онҳоро ҳатто дар шаби хобаш аз ҷайб берун намекунад, аз ҷой бархост ва баъди лаҳзае садояш аз ҳавлӣ баланд шуд, ки ба Алтан хотун хабари издивоҷи Фариштаро мерасонд.

пешина
аз 473
навбатӣ