ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳар бадбахтӣ ибтидову интиҳо дорад. Ёдат бошад, ки аз сарнавишт ҷои гурез нест...
Аҷуза дасти Фариштаро раҳо карду худро канор кашид.
Мавҷи тафсоне, ки дар рагу пайванди Фаришта меҷӯшид, мисли реги соати шанӣ фурӯ нишаст. Кампир ба кунҷе хазиду баъди лаҳзае хирхири дарунгароияш баланд шуд.
Он рӯз Фаришта бори дуввум ба худ аҳд кард, ки ба ҳар қимате зинда мемонад ва худро аз ин ғамкада ба ватан мерасонад.“Агар роҳи раҳоӣ издивоҷ бо Ҳашматоғо аст, бигзор бошад”.
Фаришта ин воқеяти ногузирро, ки базудӣ саҳифаи наве дар зиндагиномаи ӯ оғоз мешавад, дарк мекард. Саҳифае бо номи Ҳашматоғо, ки эй кош хок ӯро фурӯ мебурд!
Розӣ кардани Ҳашматулло кори душвор набудаст. Хола Наврӯз рӯзи дигар бо бастаи сару либосу ороишоти занона баргашт ва гуфт, ки мӯйсафед бо шунидани ин хабар аз хушҳолӣ наздик буд ғаш кунад.
-Коко мехоя туйи калон куна, аммо ма гуфтум, як маъракаи хурд басанда аста. Ту чӣ мегӣ?
Фаришта монанди гунги хобдида садҳо ҳарфи гуфтанӣ дошт, аммо дар ин дунёи суту кӯр чӣ касе ба ҳарфи дили як канизак гӯш медиҳад? Хола беист ҳарф мезад, гоҳ аз боғ мегуфту гоҳ аз роғ. Хушҳоливу хандааш сохтакорона буд, аммо чашмонаш достони дигар мегуфтанд, беист ҳарф мезад, то сукути Фариштаро нашнавад. Ниҳоят ором шуд ва бо панҷаҳои шахшулаш гунаҳои ӯро модарвор навозиш кард.
-Духтари қашанги ма, хиёл мекунӣ, қалби Наврӯз ай сангай, дарди тура намефома? Дилум хун шуда, вале чи кунум, ки дига чора надорум. Ту бояд ба хонаи худут, пеши нанат бирӣ. Сабур бош, иншоаллоҳ ҳамаш хуб меша, дили ма рушанай.
Фаришта хомӯшона сар ба домани хола гузошт.
-Сайъ ку чӣ мегам, бо Ҳашматулло меҳрубон бош, калиди халосит да дасти аму ришсафед аст дига... Шави никоҳ бо ӯ ҳамхоба ша, на нагӯ, и кора ага накунӣ, талошомон барҳадар мера, ҷони ма, бо Ҳашматулло мисли ҳамсар рафтор ку то машкук наша, фомидӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё