ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Чандон хомӯш нишастанд, ки хотунро дар такяи чӯбаи кат ғанаб бурд ва ӯ мисли чойҷӯши рӯи оташ аз гӯшаи лабонаш пуф-пуф садо баровард.
-Фаришта...
Камари хамидаи Фаришта аз ин садо, ки дошт аз ҳалқуми аҷуза берун меомад, мисли най рост шуд ва арақи сарде аз паси гадан то охирин муҳраи сутуни фақароташ дамид. Бори аввал аҷуза аз ӯ ном мегирифт.
Садоии хиррии кампир Фариштаро ҳамеша ба ҳарос меовард, аммо ин садо ҳоло мисли хасе буд дар баҳри тӯфонӣ, ки сари роҳи ғарқшаванда сабз мешавад. Кампир сари ҳол буду аз беҳолии дирӯза нишоне надошт. Дар лаби тахти хобаш амонат менишаст, дар тан васкати беостини пашмин дошту дар по калӯш, гӯиё ҷойе мерафт.
-Духтари қашанги дарё, полуи ман бишин...
Кампир ҳеҷ касро ба ҷуз Алтанхотун ба худ наздик шудан намемонд, дигарон ҳатто агар биҳоҳанд, муҳол буд, қадаме ба пеш бигузоранд.
Ҳолаи тарсноке дошт ҳарими кампир, ки дарун-даруни Фариштаро ба ларза меовард он қадр, ки садои баҳам бархӯрдани дандонҳояшро мешунид. Аҷуза дасти чапи ӯро дар байни панҷаҳои шабеҳи чӯби хушкидааш молиш медод ва бо чашмоне, ки аз тирагӣ ранге хосе надоштанд, бар ӯ хира мешуд. Аз дастони кампир гармие берун меомад, монанди бухории тафсон ва ин гармӣ ба рагҳои Фаришта нумуъ мекард. Ногаҳон изтиробаш рафъ шуд ва вуҷудашро оромиши комил фаро гирифт. Гармӣ дар рагу паяш мавҷзанон пеш мерафт ва андешаҳои мағшушро аз зеҳнаш пок мекард. Мағзи аз фикру хаёлу ночорӣ вармосидааш мисли шабнами субҳгоҳӣ поку дурахшон мешуд.
-Ғариба, рӯзе фаро мерасад, ки чун бод аз фарози рӯдхонаи бузург мегузарӣ ва онгоҳ ба пушти сарат менигарию мебинӣ, ки чи ганҷеро дар хоки ин сарзамин ҷо гузоштӣ... Таноберо, ки хаёлан даври гардани хеш мепечӣ, фаромуш кун...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё