Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Чаро? Намехоҳӣ давоми афсонаро бишнавӣ? Давомаш ҷолиб аст! Ман гӯяму ту бишнав!
  • Қиссаи «Бузаки Ҷингилапо»-ро бигӯ! - дилтангӣ кард кӯдак.
  • Боз ҳам бузаки Ҷингилапо? Дишаб бузакро гуфтам, парер бузакро гуфтам, биё давоми қиссаи духтари подшоҳро бигӯям.
  • Не, нагӯ, подшоҳ бадҷаҳл аст, мисли бобом, духтарашро дӯст намедорад, бузак меҳрубон аст...
    Хола хандаашро сар дод ва кӯдакро бағал карду ҳарду дар рӯи гилем ғел зададанд.
    Ӯ ҳар шаб барои хоҳарзодаи панҷсолааш, ки аз деҳаи ҳамсоя ба меҳмонӣ омадааст, афсона мегӯяд, то кӯдакро хумори модар нагирад ва фиғонаш хобро аз чашми мардуми маҳалла напаронад. Модари кӯдак обистан асту дилбеҳузурӣ дорад ва духтарашро ба хонаи падариаш фиристод то “оқоқ”-и ӯро нашнавад.
    -Чаро боборо хашмгин мегӯӣ? Магар дӯсташ намедорӣ? - аз даҳони кӯдак гап кашид духтар ва ҳавзи чашмони аз ашку ханда лабрезашро бо лаби доманаш хушк кард.
  • Ин боборо мегӯӣ ё он боборо? - кӯдак лабонашро ғунча карду ҳиллагарона ба холааш чашм дӯхт. Манзураш бобои падарӣ ва бобои модариаш буд.
  • Ҳардуро.
  • Он бобо хуб аст, маро пуштора мекунад, дар китфаш мебардорад, ки аз дарахт гелос бичинам. Кӯдак ҷумлаашро давом надод.
  • Ин бобо чӣ?
    Кӯдак ба тиреза нигаристу ба холааш ишора кард, ки гӯшашро наздиктар биёрад.
  • Ин бобо маро дӯст намедорад, ҳар бор биёям “ҳа, боз омадӣ?” мегӯяд, маро бағал намекунад, бозича ҳам намехарад. Он бобо бароям ду арӯсак харид!
пешина
аз 473
навбатӣ