Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Яке буд, яке набуд, зери гунбади кабуд, дар як замон дар як макон подшоҳе буд, ки панҷ духтар дошт. Як рӯяшон офтобу буду як рӯяшон моҳтоб ва овозаи ҳуснашон ба ҳафт иқлим мерасид.
Подшоҳ писар надошт ва ғами беписарӣ рӯзгорашро тира ва авқоташро нохуш мекард. Солҳо гузаштанду духтарҳо бузург шуданд. Подшоҳ чаҳор духтарашро ба шоҳзодаҳои мамлакатҳои ҳамсоя хонадор кард, илло духтари аз ҳама бузургашро, ки дар ҳусну ақлу хирад аз хоҳаронаш бартар буд ва номзадҳои хостаи падарро рад мекард.
Шоҳзодаҳо боумед аз дарвозаи шаҳр ворид мешуданд ва ноумед бармегаштанд. Шоҳдухтар он қадр номзад рад кард, ки номаш аз забонҳо афтид ва дигар касе ба суроғаш наомад.
Подшоҳ аз нозу бозорсозии духтараш хашмгин шуд ва савганд хӯрд, ки рӯзи якшанбеи аввали моҳ ҳар кӣ аввал аз дарвозаи шаҳр ворид шавад, ҳамонро ба домодӣ мепазирад.
Духтар дигар илоҷ надошт, магар ба талаби падар сар фурорад. Ӯ чин дар ҷабин ва тарс дар дил интизори аввали моҳ шуд. Саҳари якшанбе худро оро дод ва пеш аз дигарон ба бурҷи баландтарини қаср рафт, то шавҳари ояндаашро бубинад. Вовайло, касе, ки аввал аз дарвозаи шаҳр ворид шуд, мӯйсафеди сарсафеде буд, бо қомати хамида, даҳони бедандон ва фисаш дар нӯги димоғаш овезон...
Духтари афсонагӯ барои таъсирбахшии достонаш лаб газиду “вой-вой” карду сар такон дод ва баъд гӯё роҳи ҳалли мушкили духтари шоҳро меҷӯста бошад, сохтакорона ба дуриҳои дур нигоҳ кард. Хоҳарзодааш, ки то ин дам бо марҷони гардани хола бозӣ мекарду бо даҳони боз қиссаи духтари подшоҳро мешунид, аз ҳаяҷон оби даҳонашро фурӯбурду бо дастони кӯчакаш даҳони холаро баст.

пешина
аз 473
навбатӣ