Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Духтар ёд надорад, кай бори охир ба ин андоза аз таҳти дил хандида буд. Хандаи хола ба кӯдак гузашт, ҳарду хеле шодӣ карданд. Кӯдак аз ханда сер шуду ба тахти хоб парид ва чорзону заду афсонаи бузакро талаб кард.

  • Бошад, бузакро мегӯям, чашмонатро бипӯш, то афсонаро хубтар бишнавӣ. Буд набуд, будгор буд, кулух набуд, шудгор буд...
    Духтар афсонаи бузакро он қадар каш дод, ки хоби заргӯшии хоҳарзодааш аз раҳ расид ва ӯ бо чашмони нимабоз ба хоби ноз рафт. Духтар худро бо эҳтиёт аз хоҳарзодааш канор кашид, то ӯро бедор накунад. Чашмони худаш ғарқи хоб буданд, аммо ғарами косаҳои ношустаи ошхонаро ба ёд оварду бо дили нохоҳам аз ҷой баланд шуд.
    Аҳли хонавода дар ин ҳавлии бузург, ки шаш дар хона ва як меҳмонхонаи барҳаво дорад, ҳама дар бистарҳои нарм хобида буданд. Аз дари бози меҳмонхона садои хурроси хеши дури падараш ба гӯш мерасид, ки дар арафаи Иди қурбон аз деҳа ба молбозор гӯсфанд овардаст ва барои кӯтоҳ кардани роҳ шабро дар хонаи онҳо рӯз мекунад. Меҳмон шикамашро сер карду хобид, аммо гӯсфандҳояш аз гуруснагӣ дар гирди дарахти зардолу сумбак мезаданд ва думбаҳои чун болишти офтобхӯрда дамкардаи худро ба чапу рост тоб медоданд.
    -Мардаки беинсоф, худаш ду коса шурборо бо як фатир нӯши ҷон карду ин бечораҳоро аз ҳамон нимаи рӯз ба дарахти зардолу баста, дигар суроғ накард!-меҳмонро сарзаниш кард духтар ва аз каҳдони паҳлуи оғил халтаи алафи тарро, ки падараш бегоҳ аз саҳро оварда буд, бардошту тағораи лабшикастаро аз алаф пур кард. Бӯи алафи тар мавҷзанон ба атроф паҳн шуд ва гӯсфандҳоро, ки шикамҳои холиашон дар пушташон часпида буд, бетоқат кард. Модагови хонадон ҳам, ки то ҳол чорзону зада нухшор мекард, аз ҷой бархосту сарашро аз шикофи ҳаводарои оғил берун бароварда ҳаворо ҳарисона бӯй кашид. Модагов ҳафтаи гузашта зоймон кард ва ҳоло шиками холишудаашро бо ғизо пур мекунад.
пешина
аз 473
навбатӣ