Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хола гумон мекард, ки ҳарфҳояш то гӯши Фаришта намерасанд ва ҳар бор мепурсид, ки “фомидӣ, чӣ гуфтам?” Фаришта суханони холаро мешунид. Ин саҳна меҳмонхонаи падарашро ба ёдаш овард, ки бӯи чормағзи нимпухта мекард ва забони Фариштро ба сӯзиш меовард. Падараш чормағзи нимхомро хуш дошт, пӯсти норасидаро бо дандон меканд ва лабонаш қаҳваӣ мешуданд. Ҳамон падаре, ки пой дар гулӯи модари бечорааш гузошту Фариштаро ба издивоҷ бо марди панҷоҳсола маҷбур кард, ки саранҷом кораш ба ин ҷо кашид.
Издивоҷи маҷбурӣ бо Рашид бо бӯи ҳамон меҳмонхонаи падар дар ёдаш монд.
Хотираҳои талху ширини Фаришта бӯй доранд ва гоҳе авқот ин бӯйҳо ногаҳон аз ҳеҷкуҷо пайдо мешаванд.
Ёди модараш бӯи шири навдӯшида мекунад. Келинҳои Алтанхотун ин бӯйро дар пероҳанҳои васеъ ва кулоҳҳои пашмиашон меоранд. Фаришта ҳарисона аз бӯи шири навдӯшида нафас мекашад ва хумори модарро мешиканад.
Ишқи аввал, ки бо он ҷавони худубиомурз меварзид, бо бӯи кулчаҳои хонаводаи он ҷавон дар димоғаш монд, ки хотирхоҳаш буд ва модарашро бо табақу тавсин ба хостгорӣ фиристод.
Достони қочоқ шуданаш бӯи барф мекунад, ки ҳанӯз дар мағзу устухонаш ях баста, ёдовариаш дар гармои тафсон низ танашро ба ларза меорад.
Ва агар Фаришта зинда бимонад, ёди хола Наврӯз бо бӯи ҷуворӣ ва ин суҳбати талх дар зеҳнаш нақш хоҳад баст.
Аз лаҳзае, ки номи издивоҷу Ҳишматуллоро шунид, гардани худро дар чӯби дор медид. Ҳеҷ гоҳ ба ин ҳаду андоза ба худкушӣ фикр накарда буд. Ҷасади беҷон ва гардани шикастаи худро возеҳ медид, чеҳраи ғамгину гунаҳкори хола Наврӯзро, чашмони намкашидаи Алтанхотунро, афсӯсу надомати хизматгоҳои оғо ва ангуштони ғафси Шопурро, ки ҷасади ӯро аз чӯби дор пойин меовард. Ва ин навори кӯтоҳ аз достони талхи зиндагии як ғариба баъди чанд соат ба фаромӯшӣ меравад.

пешина
аз 473
навбатӣ