Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаришта гунаҳкорона сар аз замин баланд намекард.
Хола ларзиши тани ӯро эҳсос карду дасташро берун кашид.
То ба лаби ҳисор норасида хола лаб ба сухан боз кард.
-Ма дишаб то саҳар фикр кадум, ки чи рақам ҷони тура аз и бадбахтӣ халос кунум. Дидум, ки як роҳ бештар надорӣ...
Фаришта аз тарс дам ба дарун зад.
-Ту бояд бедаранг издивоҷ букунӣ, ...ба аму нафаре издивоҷ букунӣ, ки тура пушту паноҳ шава. Нафаре, ки ам падарут боша, ам шуҳарут, то касе натона тарафи ту каҷ ниго куна. Бордоршавита кас надона, ӯ нафарам надона, мон, ки мисли бачаи худ бузургуш куна.
Унаму коко Ҳашматулло хотирхот буда, бо дилу ҷон қабулут мекуна...
Хола номи додмодро ба забон оварду эҳтиёткорона ба чеҳраи мисли санг шахшудаи Фаришта нигоҳ кард.

Ӯ машварат намедод, мисли қозӣ ҳукм мекард. Фаришта медонист, ки ҳарфи хола як гапи ҳавоӣ нест, ӯ пушти ҳар қарораш мисли кӯҳ меистад. Дунё, ангор, ба сараш чаппагардон шуд.
Девонавор сарашро ба чапу рост такон медод ва мисли бачаи думрав, ки модар ӯро бо худ ба меҳмонӣ набурдаст, рӯи хок ба зону зада, сар ба санг мекӯфт. Зеҳнаш ин пешомадро, ки ногузир ҳамсари Ҳашматуллои манфур мешавад, қабул намекард. Хола бар сари Фаришта хам шуда, ангушти ҳушдорро дар бехи гӯши ӯ такон медод.
-Хуб гӯш ку, ма ба ту чӣ мегум, оғо бари ту нест! Оғо як мардаки касифи занбозай! Ина худут бугӯ, ду ҳафтара да хонаи калон тир кадӣ, ду шав да и хона будӣ, як борам шуда, тура суроғ кад??
Пага шикамут то дамоғут баланд меша, инами оғо пеш ай дигаро як лағад да пасут мезана. Ма и тоифара хуб мешиносум. Ага занои оғо хабар ёбан, ки шӯи ӯво шиками тура пур карда, валло зиндат намемонан. Ёдут рафта, ки Зарандуд читу ба рӯи ӯ духтараки бегуноҳ осид пошид? Оли ту ҷурми бадтар аз ура муртакиб шудӣ.
Хола билохира хаста шуду дар паҳлуи Фаришта нишаст ва дилсӯзона хасу хорро аз мӯйҳои ӯ берун овард, чеҳраи хоколӯдашро бо гӯшаи чодур пок кард ва сарашро рӯи зону гирифт.
Ашкҳои ӯро хушк мекарду аз сарнавиштҳои шабеҳи Фаришта намунаҳои хуб меовард ва гӯши ӯро аз ҳарфи ҳамсарӣ бо Ҳашматулло пур мекард.
-Фариштаҷон, медонӣ, ки ма ай рӯзи аввали пайдо шуданут дар хонаи оғо дӯстут доштум, мисли духтари худум. Бари ту бадӣ намехом. Ай рӯзе, ки фомидум сарторик шудӣ, хав ай чашмум парида, ки мушкили тура чӣ рақам ҳал кунум. Ҳашматулло дар саруш санг набаста, имрӯз ё сабо дидӣ, ки мурд. Ту меши як беваи сарватманд, ки ҳам бачат пешата ва ҳам метонӣ ба ватанут баргардӣ. Мефомӣ, чӣ мегам?

пешина
аз 473
навбатӣ