ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Меданӣ чӣ? Наврӯз амада, на салам на алайк, ахмаш гирифта, гуфт и духта куҷоста, зуд пайдош кун!
Фаришта аз дидор бо хола Наврӯз интизороти хубе надошт, вонамуд ҳам накард, ки аз хабари ахмҳои гирифтаи хола шигифтзада шудааст.
-Бошад, буланд шавед биравем, - гуфт ӯ ва аз зери бағали Алтанхотун бардошт.
-Нимеданӣ, чара Наврӯз мисли саги девана шуда?- кунҷковӣ кард хотун.
-Намедонам, шояд аз ман нораҳат аст.
-Мага меша, аз ту нараҳат буд? Валлоҳ ту як инсани меҳрабану беназир астӣ. Ага Наврӯз ба ту бад гуфт, ном Хода, чашмаша дармеярум.
Фаришта мутаассир шуд, ӯ роҳравон сар ба китфи нарми хотун гузошт ва аз бари рӯяш бӯсид. Ҳеҷ касе дар ин мамлакат ба андозаи ин зан бо ӯ меҳрубону нармрафтор набуд.
Хола Наврӯз дар лаби кат покашол менишаст, Фариштаро диду аз ҷой баланд шуд.
-Куҷо будӣ духтар, аз нигаронӣ мурдем, -гуфт ӯ бо лабханд ва ба сӯи Фаришта бағал кушод. Фаришта ҳам холаро бағал кард, аммо гӯё ба санг бархӯрда бошад, оҳиста худро ақиб кашид. Оғӯши хола бегонаву сард буд, лабхандаш низ.
Тағйири авзои хола Алтанхотунро гиҷ кард, ӯ гоҳ ба даҳони пур аз хандаву оғӯши бози хола Наврӯз ва гоҳ ба чеҳраи афсурдаи Фаришта нигоҳ мекард.
-Алтанхотун ту буру бари ма як чой дуруст кун, ғазоҳои хушмазата бурор, ма каме бо Фаришта чакар бизанум. Ӯ хотунро дар байни ҳавлӣ моту маҳбут гузошту аз зери бағали Фаришта гирифта, ӯро ба сӯи ҷодаи молхона бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё