ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Он нахл бӯи зиндагиву ҷавонӣ медод ва тани сабзаш дар оғӯши бод печутоб мехӯрд. Соқаи ниҳолро ламс кард ва як ду бор нохун заду пушти ҳам нақши ҳилол кашид.
Ҳаракатҳояш берабт буданд, на ниҳолро медид, на соқаашро.
Нигоҳаш аз ҷуворизор фаротарро медид. Он дарахти пирро ва аспи сиёҳмушкинро, оғои зеборо ва ҳавзи шифоро, оғӯши тафсонро ва бӯсаҳои ширинро, ки тамъи асал доштанд. Ин ҳама барояш дигар он қадр дастнорас буд, ки гоҳо ба воқеъияти онҳо машкук мешуд.
Як малахи сабз чирросзанон аз шохае ба шохае ҷастухез карду дар навдаи рӯ ба рӯи Фаришта нишаст ва бо баргҳои сабз ҳамранг шуд. Агар зул назанӣ муҳол аст бидонӣ, ки дар ин шоха мавҷуде нишастааст. Малах бо чашмони сиёҳаш, ки шабеҳи ду нуқтаи беҷон дар ду гӯшаи пешониаш часпида буд, ба ӯ нигоҳ мекард. Фаришта нимахез ба малах наздик шуд. “Ҳеҷ медонӣ, ки ман ба зиндагии озоди ту ҳасад мебарам? Ту ҳар ҷойе дилат хост, менишинӣ, хоҳӣ мастур мешавӣ ва касе ради поятро намеёбад, ба ҳар ҷое бихоҳӣ, парвоз мекунӣ, ҳатто сар-сари найистони рӯди бузург то ба ватани ман мерасӣ... Эй кош малах мебудам...” Ӯ бо нияти навозиш даст ба сӯи барги ҷуворӣ дароз кард, аммо малах тасиду чирос зад ва дар байни шохаҳои сабз нопадид шуд.
-Фариштаҷан? И туӣ? Ма ду бар да иҷа чакар задум тура кафтум, ага и гӯшаи пераҳанта намедидум, валлаҳ хаял мекадум, ки чӣ балае сарут амада!
Алтанхотун ранг дар рӯ надошт ва аз хиш-хиши гулӯяш маълум буд, ки хеле давутоз кардааст.
-Чира да и замини нам хабидӣ, иҷара бабат дина ав дада буд, мариз шудӣ мага?
-Чизем нашуда, дидам осмон софу зебост, гуфтам каме рӯ ба осмони дароз бикашам.
-Ба ман коре доштед? Чӣ шуда?
Хотун хост сари по нишинаду нафас рост кунад, аммо зонуи карахташ гардан надод ва ӯ худро мисли ҷуволи гӯшт ба замин партофту пойҳояшро дар ҷӯяи намкашидаи ҷуворӣ дароз кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё