Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

“Хола Наврӯз ба оғо туҳмат мезанад, аз алами хешдухтараш ба ӯ бадгӯи мекунад. Агар оғо аз баҳри ман бигзарад, аз ғусса мемирам, вой, чӣ қадр дилам барош танг шудаст!” Таъсири ин хаёлҳо буд ё гармии ҳаво, ё шояд тахмини хола Наврӯз дар бораи бордорӣ воқеъият дошт, ки дили Фаришта якбора беҳузур шуду пораи нонеро, ки саҳар бо дили нохоҳам ошомида буд, берун овард, сараш чарх заду ба ҷӯяи ҷувории канори роҳ афтид. Ёд надорад, ки чанд муддат бехуду беёд хобид. Ӯ аз шарфаи пой ва ба ҳам бархурдани регҳои ҷода ба худ омад.
Раҳгузарро надид, касе буд, ки аҷала дошту заминро бо кафшҳояш харошида рад мешуд.
Фаришта коҳилона аз ҷода рӯ гардонд ва бо ҳамон бемайлӣ рӯ ба осмон овард. Бод мевазид ва осмон ҳам мисли замини ҷуворизор дар ҳаракат буд. Чашмони берӯҳаш дар анбӯҳи абрҳое гир кард, ки монандии ғулҳои афсонавӣ гоҳ ба сӯи якдигар шино шино мекарданд ва гоҳ аз якдигар мегурехтанд. Абре шабеҳи хирси сафед пойи абри кӯчакро дар даҳон дошт ва он қадр ба дуболаш рафт, ки саранҷом ӯро фурӯ бурд ва ҳарду калобае шуданду бо ғӯлҳои бузург гаравиданд. Фаришта дар кӯдаки бо хоҳаронаш гоҳо дар чаманзори боғи бобоӣ рӯ ба осмон дароз мекашид ва нигоҳаш аз пушти абрҳои равон сайр мекард. Он абрҳо дигар буданд, сафову оромиш медоданд. Хоҳараш абрҳоро пахтақанд мепиндошт ва мегуфт, вақте ба хирмани сафеди осмон нигоҳ мекунад, даҳонаш ширин мешавад. “Хоҳарони ҷингиламӯи ман, шумо ҳам дигар бароям афсонае шудед.” Оромиши ҷуворизор бо ҳолати равонии ӯ созгор буд, ки оҳиста ба худ омад. Бод риши норанҷии ҷувориҳои нимпазро парешон мекард ва баргҳои забондароз ба ҳам бархӯрда, монанди занҳои ғайбатгар “хиш-хиш” ба гӯши якдигар чизе мегуфтанд. Фаришта ба як ниҳоли ҷуворӣ, ки баргҳои хамзадааш гунаҳои рангпаридаи ӯро навозиш мекарданд, хира шуд.

пешина
аз 473
навбатӣ