ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Нахайр хонум, оғо Шабдиза бурд.
-Куҷо бурд?
-Инаш бари мо молум нест.
-Кай Шабдиза бурд?
Писарак пушти сар хорид ва гӯё соати рафтани аспу оғоро ба ёд меоварда бошад, як ба сӯи дашт назар карду як ба сӯи хонаи сафед.
Валлоҳ ёдам нест..
-Нагуфт кай бармегарданд?
-На хайр хонум.
“Аз забони ин бачаи зирак гап кашида намешавад.”Фаришта дудила буд, суоле дошт, ки агар онро напурсад шаб хобаш намебарад.
-Оғо имрӯз ба ин макон наомад?
-На хайр, агар меомад, ма ӯра медидум.
-Дирӯз ҳам наомад?
-Дирӯз? Писарак ба фикр фурӯ рафт. –На хайр дирӯзам набуд.
Ҳарду хомӯш шуданд, писарак кунҷковона ба Фаришта нигоҳ мекард, Фаришта бечораҳолона лабханд зад.
-Дига суоле надорӣ хонум?
-На, суоле нест...
Писари галабон ҳуштаккашон ба сӯи бародаронаш давид, ки бо фурӯкаш кардани гармо, аспҳоро ба таҳдашт мебурданд.
Фаришта беҳолона ба чӯби ҳисор такя заду аз паси гала ба сӯи таҳдашт чашм дӯхт. Мӯйсафеди галабон коҳилона аз ҷо бархосту ба сари суфраи наҳор омад. Табақи ғизоро, ки писаронаш пок лесида буданд, як сӯ гузошту сар ба дастархон фурӯ бурд. Пораҳои нони боқимондаро ба даҳон мебурду дуздида ба тарафи Фаришта нигоҳ мекард. Фаришта бо хиҷолат аз лаби ҳисор дур шуд. Як сар дошту сад хаёл.
Гоҳ бар таҳдидҳои хола Наврӯз меандешиду афсурда мешуд ва гоҳ ширингуфториҳои оғо ба ёдаш меомаду дилашро ларзаи ширин фаро мегирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё