Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хост ба мурғак кӯмак кунад ва ҷасадро аз чола берун бикашад. Аммо гунҷишк нияти неки Фариштаро нафҳмиду ба ӯ ҳамла кард ва бари рӯяшро бо минқори тез харошид.
Дили Фаришта сиёҳ шуд, на барои рӯи харош хурдааш, ӯро беэътиноии аҷуза озурда кард. Эҳсос кард, ки пушташ холӣ шудааст. Аҷуза бо ҳама рафтору гуфтори аҷибу ғарибаш, ки дар қолаби дарки як инсони заминӣ намеғунҷид, ба далели танҳо барои худаш маълум, аз оғоз ба ин зани ғариба назари хайр дошт. Фариштаро аз кампир хуш намеомад, аз ӯ метарсид, аммо эҳсос мекард, ки сарнавишти ҳарду ба гунае бо ҳам гиреҳ хурдааст. Кампир бо лашкари пиру арвоҳҳои гузаштагонаш, рост ё дурӯғ, барои Фаришта мисли як шафоатгар буд.
“Чаро оғо наомад? Худоё, дорам девона мешавам, бояд ӯро бубинам.” мегуфт ба худ Фаришта ва мунтазири лаҳзаи муносиб буд, ки ҳавлӣ холӣ шавад ва ҳеҷ кас ба думболаш нагардад.
Вақте Алтанхотун “муҳаи худа бишум” гуфту бо як хурма ҷурғот ба ҳаммом даромад, Фаришта ҳам ба сӯи саисхона давид.
Дар лаби ҳисор касе набуд, хеле интизорӣ кашид, се чаҳор дафъа то хонаи сафед рафту дубора ба ҷойи мулоқоти ҳамешагӣ баргашт. Писарони галабонро дид, ки рӯи табақе ҳам шуда наҳор мехӯрданд. Галабони пир ҳамоно най менавохт. Фаришта нахост онҳоро нофор кунад, ӯ ба замин нишаст, то пероҳани рангааш таваҷҷӯҳи галабонҳоро ба худ накашад. Ниҳоят ҷавонакҳо ангуштони худро лесида, як-як аз сари суфраи нон бархостанд ва Фаришта бо ишораи даст якеро ба сӯи худ хонд. Ҳамон ҷавонаки чеҳрааш пур аз доғи магазак дав-давон омад. Ӯ лабони равғанолӯдашро бо остини пероҳани рангпаридааш пок карду амиқ бинӣ кашид.
-Шабдиз ин ҷо нест?- пурсид Фаришта, ки аз шарм дастпоча мешуд ва вонамуд мекард, ки гӯё ба дидани асп омадааст.

пешина
аз 473
навбатӣ