ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Фаришта нохудогоҳ ба Бабухон, хоҳарбузурги Аргина нигоҳ кард, ки пӯсти рӯяш аз алам кабуд ва лаккадор мешуд.
Дили Фаришта ба ҳоли ӯ сӯхт. Бабуро диду аҷуза ба ёдаш расид! “Худоё, чигуна тавонистам кампирро фаромуш кунам? Ин саҳар даҳ бор аз пеши тахти хобаш рад шудам!”
-Алтанхотун, модарбузург сиҳату саломат аст?- пурсид ӯ ва бетоқатона аз остини хотун кашид. Аммо хотун аз бордоршавии Аргина он қадар хушҳол буд, ки агар остинашро мекандӣ ҳам хабар намеёфт. Ӯ ҳар лаҳза “қурбонсадақа”-и Аригина мешуду ғофилона ханҷар ба ҷигари Бабухон мезад.
Фаришта хам шуду лабонашро ба гӯши хотун наздик овард.
-Алтанхотун, модаршӯи шумо чӣ ҳол дорад? Чаро садояш дарнамеояд?
-Чӣ бигам, - гуфт хотун бо дили хохоҳам, -кампир яган ҳушяру яган беҳуш метаба, гаҳ хаву гаҳ бидар.
Вақте келинҳо рафтанду ҳавли хилват шуд, Фаришта бесадо ба назди аҷуза рафт, ҷуръат накард наздик шавад, аз дур ӯро назора кард. Кампир якпаҳлу мехобид ва нигоҳи чашмони беҳаракаташ ба решаҳои барҷастаи дарахти сада хира мешуд. Гӯшаи лабони хокистариаш монанди як гӯшти изофӣ дар кунҷи манаҳаш везон буд ва оби даҳонаш аз лаби кат ба замин ғоз медод. Хаставу пиртар ба назар мерасид, гӯё дар сакарот буд.
Фаришта ба думболи чашмони берӯҳи кампир ба пойи дарахти сада нигарист. Гунҷишкеро дид, ки рӯи бачаи мурдааш пар-пар мезаду “қиғ-қиғ” фиғон мекашид, гоҳ дур мепариду ҳамроҳонашро садо мекард ва гоҳ ҷонаш месӯхту поён меомад ва сайъ мекард чӯҷаро аз чолаи бехи дарахт берун оварад. Корвони мӯрҳои хурду бузург аз тани дарахт то ҷисми чӯҷа роҳ мекашиданд. Дили Фаришта аз дидани ин саҳна доғ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё