Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Алтанхотун нигоҳи Фариштаро ба сӯи бушқобҳои ношуста диду гунаҳкорона лабханд зад ва даст ба зонувони дардмандаш бурд.
-Ба хиял накнӣ, ки тура барои кари хана пазман шудум, ном Хода, адат кадум ба ту.
-Медонам холаҷон, медонам...
Поккории ҳавливу хона ва шустушӯи либосу косаву табақ ду се соат вақт гирифт.
-Фариштаҷан, саат даҳбаҷа шуда, ғазои келинои мо ядут нара.
-Ёдам ҳаст, ҳоло аз паяш мешавам.
Хотун чавкии пастакро аз лаби об бардошту мехост ҳамроҳи Фаришта ба ошхона биравад. Ӯ суҳбатҳои сари дегу табақ бо ин ғарибаро пазмон шуда буд. Аммо Фаришта аз тарси ин ки мабодо хотун ҳам шоҳиди оқу воқаш шавад, ӯро сареъ ба лаби кат баргардонд, барояш чою ширинӣ овард ва гуфт, ки истироҳат кунад.
Хушбахтона ошхонаи чаҳор тарафаш бози Алтанхотун бӯи равғанро дафъатан берун мебурд ва Фаришта ба роҳатӣ ғизои занҳои говҷӯшро омода кард.
Тамоми ин муддат ӯро як андеша ором намегузошт, ки чаро оғо дигар суроғаш накард. “Худо кунад, ки ҳарфҳои хола Наврӯз ғалат бошанд”, мегуфт ба худ. Қарор кард, ки баъди рафтани келинҳои хотун ба лаби ҳисор меравад.
Занҳо Фариштаро гарм истиқбол карданд, ҳатто келини калонӣ, ки ӯро бедалел чашми дидан надошт.

  • Хуб шуд, ки амадӣ, ҷот халӣ буд”, - гуфт.
    -Фариштаҷон и хона бе ту зеб надошт, аҷаб хуш омадӣ, - гуфт Аргина ва аз гунаҳои Фаришта бӯсид. - барет я хабари хуш дорум, ма бордор шудум, шуҳарум аз шодӣ бари ма и гарданбанди тиллора харид, вазнша сайъ ку, тиллои асил аст.
    Аргина вазни гарданбандро дар “тарозӯ”-и дастонаш чен мекарду аз шодӣ мисли кӯдак ба завқ меомад. Барои ӯ эҳтимол вазни гарданбанд аз бачае, ки дар раҳмаш месабзид, муҳимтар буд.
пешина
аз 473
навбатӣ