ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
“Магар мумкин аст, ки маро бубинаду “гули нозам” нагӯяд?” Гоҳи дигар дарди оғо чун ғамбода дар сари дилаш бузург мешуд ва роҳи нафасашро мебаст. Фаришта сар ба панҷараи оҳанин гузошту бо ҳасрат ба айвони баланди оғо, ки бо қандилҳои булурин ва чилчароғҳояш бо сад ранг медурахшид, чашм дӯхт. Оғоро аз Фаришта ба қавли маъруф як ваҷаб роҳ ҷудо мекард, ки даст дароз кунӣ баҳам мерасӣ.
“Эй кош меомаду маро бо худ ба бистари шоҳонааш мебурд”- орзу мекард ӯ.
Саранҷом, дар оғӯши панҷаи рушноӣ, ки аз тирезаи оғо ба ҳуҷраи ҷомашӯӣ медаромад, хобаш бурд.
Хола субҳидам Фариштаро то мошини Шопур ҳамроҳӣ кард. Нигоҳи чашмони аз бехобӣ фурӯрафтааш дар дасту домани Фаришта мепечид, аммо аз рӯяш парҳез мекард. Хола ошиқи маъсумияти ин духтари ғариба буд ва ҳоло шояд тасвири ишқварзии ӯ бо оғо дар зеҳнаш бурӯз мекард, ки абрӯ дарҳам кашида буд.
-Туро ба худо месупорам, ғариба, боша, ки ба ҳолут раҳм куна, - гуфту дари мошинро башиддат пӯшид.
Шопури ҳамеша меҳрубон низ ин саҳар ахмзада менамуд. Шояд аз хоб носер буд, ё чизеро медонист, ки хомӯшона мошин меронд ва гоҳо оинаро тоб медоду аз паси анбӯҳи абрувони сиёҳаш дуздида ба Фаришта нигоҳ мекард.
Аммо касе, ки аз дидани Фаришта чун боғ шукуфт, Алтанхотун буд. Хотуни бехабар аз дунё ӯро диду чашмонаш аз шодӣ дар рӯи рафидамонандаш нопадид шуданд.
-Валлаҳ пазманат шудам, хуб ки амадӣ, агана ба аға мегофтам, ки тура баспас бида. Ӯ Фариштаро бағал карду боддиқат ба чеҳрааш нигарист.
-Лағар шидӣ чӣ бала, маризавол хо нестӣ?
-На, хубам хотунҷон, нигарон набошед.
И келинаи ма ғазаи тура пазман шидан, меган, ӯ хануми таҷикӣ караш ҳарф надаштак. Валла, хуб кадӣ, ки амадӣ.
Ҳавлии пур аз баргу шираи ангур ва ғарами косаҳои ношустаи лаби об самимияти шодии хотунро собит мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё