Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Ло ҳавла ва ла қуввата илла биллаҳ... хола ниҳоят ба худ омад ва гиребони пероҳанашро он қадр танг кашид, ки садо дар гулӯяш дармонд.
-То и қадарша фикр накада будум... гуфтум шояд ошиқут писари Алтанхотун боша ё кадом нархари галабон... Оғо?
Охи и чӣ ту меша!?
Фаришта гунакорона оҳ кашид, шукр мекард, ки дар ин ҳуҷраи торик хола чеҳраи пардадаридаи ӯро намебинад.
-Оғо? Шӯи Маҳвашу Зарандуд? Худоё наҷотмон бидеҳ...
-Оғо дӯстам медорад, намегузорад ба ман осеб бирасад, нигарон набошед, -гуфт Фаришта бо итминон.
-Духтари беақл, оғо касера ба ҷуз худуш дӯст надора.
Гуфта бошам, оғо ҳаму рӯзе занош ай и достон хавар шаван, пушти тура холӣ мекуна, и хат и нишон! Хола ангуш ба даҳон заду дар девор хате кашид.
-Аз сарнавишт ҷойи гурез нест, Худованд чизе дар ҷабинам навишта бошад, ҳамонро мебинам...
Хола, гӯё ҳарфҳои Фариштаро намешунид, худ ба худ ҳарф мезад.
-Дига и хона ҷойи ту неста, бояд ай иҷа бирӣ. Хонаи Алтанхотун буру. Уҷа бехтарай. То ма чорае бароят пайдо кунум. Хотун и достона медона?
-Нахайр, касе чизе намедонад.
-Ишаба ин ҷа бихоб, сабо Шопура мегум, тура пеши хотун бубара. Уҷа бош то бинам чи хоке ба сарам бизанум.
Холаи резапайкар, ки ҳамеша мисли оҳу аз ҷой меҷаст, ҳоло мисли бемори барҷомонда калавида бархост ва дар такяи девор аз хонаи торик берун шуд.
Фаришта оҳи сабук кашид. Ҳарфҳои хола барои ӯ мисли ҳангоси хар дар гӯши кар буд, зеҳнаш ба ҷуз андешаи оғо фикри дигареро намепазируфт. Он рӯз, ки оғоро аз дур дид, чеҳрааш аз шодӣ шукуфт. Аммо оғо бо аҷала рафт. Фаришта хеле маъюс шуд, тамоми рӯз бадбахту ғамзада буд.
Гоҳо худфиребӣ мекард, ки шояд оғо ӯро надидаст.

пешина
аз 473
навбатӣ