Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ тунд тунд нафас мекашид, мехост бадтарин тавҳинро ба сари Фаришта бирезад ва дили худро холӣ кунад.
-Мо иҷа ҳарду танҳоем, касе садомона намешнава, бгӯ, ки падари и уштуки ҳаромӣ кӣ аста? Фақат чуп набош, ки бо ами дастом хафат мекунум!
Фаришта мисли занҳои шаллоқӣ, ки аз сояи даст сари худро мисли сангпушт ба дарун мекашанд, ба девор ҷафс шуду пойҳояшро дар зери доманаш пинҳон кард.
-Бигу! Садои хашмолӯди хола ин бор аз байни дандонҳои зиреҳбастааш берун омад ва Фаришта эҳсос кард, ки агар воқеъиятро нагӯяд, хола бе тардид ӯро бо дастони худ хафа мекунад.
Истиҳолааш бештар аз ин буд, ки хола бо ҳамсари калонии оғо хешигарӣ дорад ва баъид нест, ки баъди шунидани ин достон сояи Фариштаро аз девор битарошад.
Аммо ҳоло дигар чора надошт..
-Холаҷон... шумо достони зиндагии маро медонед...
-Ҳошия нару, ҳарфи аслира бугу!
Фаришта гӯё садои холаро нашунид, ки достонашро идома дод.
-Аз ҳад беш заҷр кашидаам, шояд ҳамин буд, ки худро барои доштани як пора хушбахтӣ мустаҳҳақ донистам, иродаамро аз даст додам, ошиқ шудам. Хушбахтарин лаҳзаҳоро бо касе, ки аз ҷонам бештар дӯсташ медорам, зиндагӣ кардам, пушаймон нестам. Ҳар чӣ бодо бод...
-Ба кӣ ошиқ шудӣ??
…
-У одам исм дора?
-Оғоро дӯст доштам...
Холаро ангор барқ гирифт, ки якбора шах шуд. Сояаш низ бо ангуштони омодаи хафа кардани Фаришта дар девор нақш баст. Моту маҳбут шуду ба замин лағжид, ҳатто нафасҳояш шунида намешуд.

пешина
аз 473
навбатӣ