Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хола рафту Фаришта мисли одамони хобгард, бехудона аз ҷой бархосту ба сари тахтаи утузанӣ омад. Пероҳанҳоро бо эҳтиёт ва моҳирона ҳамвор мекард, ангор муҳимтар аз утузанӣ масъалае надошт.
Солҳое, ки ба гуфти падараш аз забонҳо афтиду дигар саг ба тарафаш намеҷакид, орзуи доштани як духтараки мижгонсиёҳи шайтонакро мекард. Шабонгоҳ, вақте аҳли хонавода ба хоб мерафт, ӯ ин рӯёро аз қаъри дилаш берун меовард, хаёлан дар гӯшаш лолоӣ мехонд, зулфакони сиёҳашро дар ангуштонаш тоб медод ва мижгонҳои махмалинашро бӯса мезад. Баъд хоҳаронаш пушти ҳам бачадор шуданду Фаришта армонҳояшро дар хоҳарзодаҳои мижгонсиёҳаш мешикаст. Аммо ҳоло на зеҳнаш ва на раҳмаш хабари бордориашро намепазируфтанд.
Вақте колоҳоро уту заду ба бахшҳо ҷудо кард, ин рӯзи тӯлонии ҳомили ваъдаи моҷароҳои бештар низ рӯ ба шом овард. Чароғҳои сохтмон пушти ҳам рӯшан шуданд ва хизматгорони беруна буғчаҳои ғизо зери кашу рӯи сар, турнақатор ба назди бачу качи худ баргаштанд.
Хола ҳамон тавр, ки таъкид карда буд, дарро се дафъа ангушт зад, дар остона ба чаҳор тараф нигаристу дуздона ба ҳуҷра даромад. Дасти ба сӯи тугмаи чароғ дарозшудаи Фариштаро дар ҳаво бардошт ва ӯро ба дарунтари хона тела дод. Фаришта дар рӯшноии чароғе, ки аз нишемангоҳи сохтмони оғо нур мепошид, чеҳраи хашмгин ва лабҳои фишурдаи холаро диду гӯиё лахчаи оташро фурӯ бурда бошад, шиками гуруснааш якбора доғ шуд.
-Бишин духтар... пичиррос зад хола. Овози нимшунавои ӯ дар хонаи нимарӯшан мисли тундар садо дод. Фаришта мутеъона сарипоӣ дар кунҷи хона нишаст. Нигоҳаш аз хола фирор мекард, сояи бузурги ӯро дар девори муқобил медид, ки бо димоғи уқобӣ, чолҳои кашол ва пушти хамида шабеҳи арӯсакҳои теотри кӯчагӣ буд. Нафрати беандозаи хола ҳатто дар сояааш эҳсос мешуд.

пешина
аз 473
навбатӣ