Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пойҳои Фаришта аз ҳаяҷону изтироб ларзиданд. Бори танаш ба пойҳои ларзонаш вазнинӣ кард, ки гиребонаш дар панҷаҳои сингини хола Наврӯз монду танаш ба замин лағжид. Хола гиребони ӯро бо кароҳат раҳо кард.
-Хаёл мекадум, ки аз ту поктар касе нест, ҳайҳот иштибоҳ кадум, турам ҷинсут хароб буда! Да қори Худо шавӣ! Зери ки поҳота буланд кадӣ, ки и бача дар шикамут пайдо шуда?
Фаришта акнун андозаи бадбахтии худро эҳсос кард, чашмонаш аз таҳайюр бузург шуданд. Ногаҳон фикре чун барқ аз зеҳаш гузашт, ки як моҳ боз ҳайз надидааст “Худоё ин чӣ рӯзест ба сарам омад! Вой, вой!”

  • Оли и оғози бадбахтит астак, рӯзе, ки шикамат моълум меша, оғо тура мисли саги дайду ай и хона бадар мекуна, ту бо уштуки шикамут куҷо мерӣ, ғарибаи бадбахт!?
    Фариштаи сархуш аз ишқу висол, ки барои худ дунёи дигаре сохта буд ва ҳафтаҳо дар он дунё ширинтарин рӯзҳоро зиндагӣ мекард, акнун меваи талхи он рӯзгорро мечашид. Рӯзеро тасаввур кард, ки парда аз рӯи асрораш бардошта мешавад ва ҳама бо кароҳат ба рӯяш туф мекунанд.
    Чеҳраи хашини Маҳваш ва чашмони маккори Зарандудро пеши назар оварду ваҳшати тасаввурнопазир вуҷудашро фаро гирифт. Аз тарс ҳайкали санг шуд, нигоҳи чашмони аз ҳайрат шах шудааш дар чеҳраи хола дармонд.
    -Духтар, ба ту мегӯм, мефомӣ чӣ ба сарат омада!? - хола китфи Фариштаро башиддат такон дод. Аммо посухе нашунид, - хок ба сарут, бадбахт!- гуфту бо қаҳр аз ӯ рӯ гардонд. Фаҳмид, ки хабари бордорӣ барои худи Фаришта мисли тундар дар авҷи тобистон буд ва муҳол аст, ки ҳоло ҳарфе аз забони шахшудааш берун биёяд.
    -Дар ошхона пайдот наша, аз и ҳуҷра берун нару, дара ай дохил бубанд, садота баланд накун, то кас нашнава. Худам миям, дара се дафъа ангушт мезанум.
    Ӯ ба Фариштаи моту маҳбут як нигоҳи пур аз таассуф афканду аз дар берун шуд.
пешина
аз 473
навбатӣ