Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаришта то бегоҳ хобид, беҳолиаш гузашт, аммо шикамаш аз гуруснаги дар пушташ часпид. “Эй кош ҳоло як коса мастоба мебуд”- гуфт ба худ, аммо нахост холаро бо ин хоҳиш безобита кунад. Оби дар даҳонаш ҷамъшударо фурӯ бурду дубора ба хоб рафт.
Субҳи дигар хола бо синии субҳона барои ҳолпурсӣ омад ва Фариштаро ҳангоми оқу воқ дар ташноб дарёфту машкук шуд.
-Биё ширу равған бухӯ, ҳолат хуб меша, - гуфт хола ва синиро дар пеши Фаришта гузошт.
-Ташаккур холаҷон, иштиҳо надорам, агар аз мости дирӯза баром медодед... Хола рафту бо косаи мост баргашт.
-Дилут фақат туршӣ мехоя? - пурсид хола вақте Фаришта косаи холиро баргардонд.
-Хаёлам дарунам оташ дорад, фақат мост мехоҳам...
Хола бо нигоҳи чашмони тангшудааш синчакорона ба Фаришта нигоҳ мекард ва гӯшаи лабони аз хашму ҳайрат хамзадааш то ба манаҳаш расидаанд.
-Ба ошхона нару, буру, колоҳоро уту бизан, аз уҷа берун нашу то ма пешут биям! Нигоҳи хола сард ва мисли наштар озордиҳанда буд.
Фаришта аз бархӯрди хола, ки дар хонадони пур аз душман пушту паноҳаш буд, шигифтзада шуд, аммо сарфаҳм намерафт, ки кадом рафтораш боиси малоли хотири ин зан шудааст.
Ғарами колои шӯста то ним нарасида буд, ки дар боз шуду хола осемасар ба ҳуҷра даромад ва дарро аз пушти худ баст. Гиребони Фариштаро бо ду даст пеш кашиду ӯро дар кунҷи ҳуҷра ба девор пахш кард ва рост ба чашмони ваҳшатзадааш нигарист.
-Бубин духта, ма тура мисли фарзанд дӯст доштум, ҳар хубие аз дасту омад барет анҷом додум, ҳозир дар амиҷа ба ма мегӣ, чира аз ма пут мекунӣ, чӣ шуда, ки мисли занои сарторик оқу воқ дорӣ??

пешина
аз 473
навбатӣ