ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Хола Наврӯз, ки ҳеҷ ҳаракату ҳеҷ каломе дар ин ошхона аз назари ӯ пинҳон намемонд, дилбеҳузурии Фариштаро диду нигарон шуд.
Абрувони шикастааш аз тааҷҷуб ба сӯи пешонии холзадааш бол кашиданд ва гӯшаи лабонаш пойин фаромад.
Аммо сареъ ба худ омад ва пеш аз он ки занҳо аз “афсӯсу ҳайдареғ” маъмулӣ ба баррасии густарда бигзаранд, ба сари онҳо тохт.
-Имрӯз иҷа касе кор мекуна ё хайр!? Хизматгорҳо мисли мурғакони лаби хирман дони нимхӯрдаашон дар гулӯ ҳар тараф парешон шуданд. Хола бо гумонҳои баде дар зеҳн дошт, ноаён аз паси Фаришта ба ташноб рафт.
Фаришта бо як даст ба девор такя зада буд ва бо дасти дигар ба сару рӯяш об мепошид.
-Чит шуда Фариштаҷон? Амиёли хуб будӣ якбора дилбадӣ гирифтӣ..
-Чизе нест, хола, аз саҳар чизе нахӯрдам, шояд аз гуруснагӣ дилам шӯрид.
-Бия бирем хо ягон нон бухӯ, -гуфт хола, ки аз Фаришта чамш намекард.
-На, ғизо намехӯрам, аммо агар як коса мост боша...
-Мост? Дар и саҳарӣ?
-Мегӯянд шикамро тоза мекунад, - гуфт Фаришта бо итминон ва хола ҳам каме ором шуд.
-Роша, бирем, барот мост бидам.
Фаришта пой бар остонаи ошхона гузошта буд, ки дилаш дубора беҷо шуд.
-Иҷа бишин мостра худам барот меорум, - гуфт хола ва Фариштаро дар беруни дар гузошту ба сӯи яхчол рафт. Раҳ ба раҳ занҳоро ором кард, ки “ҳичиш нашуда, саруш офтоб зада, и моста бхура хуб меша.” Фаришта косаи мостро бо ҳирс дам кашид.
-Буру, як кам дам бигӣ, барот дору медам, иншоаллоҳ хуб мешӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё