Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз бозгашти Фаришта ба хонаи оғо ду ҳафта сипарӣ шуд, ӯ дар ин муддат оғоро як дафъа аз дур дид, ки бо ахмҳояш гирифа ҳамроҳи Шопур аз дарвоза берун мешуд. Ба сӯи Фаришта нимнигоҳе ҳам накард. “Шояд нахост, ки Шопур аз робитаи байни мо огоҳ шавад”- худро таскин медод Фаришта, вале яъсу ноумедӣ рӯз ба рӯз бар ӯ чира мешуд.
Хола Наврӯз аз бозгашти ғайриинтизори Фаришта бештар аз дигарон хушҳол буд. Даври сараш парвона мешуд, меҳрубонӣ мекард, ва ҳар лаҳза мепурсид, ки мабодо гурусна набошад.
-Чаро диқ кадӣ ё дилат бари хонаи Алтанхотун танг шуда? - мепурсид ва ба чашмони Фаришта нигоҳ мекард, ки мабодо дурӯғ нагӯяд.
-Он ҷо одат кардам, аммо дилам барои шумо танг мешуд,

  • дилёбӣ мекард Фаришта.
    Ғами ишқи оғо ӯро рӯз то рӯз афсурдаву лоғар мекард.
    Ягона таскини дилаш хотираи рӯзҳое буд, ки савори аспи сиёҳмушкин ба зери дарахти пир мерафт ва бо оғо, мисли ду қӯи ошиқ дар ҳавзи мусаффо бол мезаду ишқварзӣ мекард.
    Ғами ҳиҷрон аст ё маризии дигар, ки Фаришта рӯзҳои ахир зуд-зуд беҳол мешавад, сараш чарх мезанад ва гунаҳояш ранги заъфаронӣ мегиранд. Имрӯз ҳам аз субҳ эҳсоси хастагӣ кард. Худро базӯр то дари ошхона расонду беҳолона ба девор такя зад. Хизматгоре дар деги бузург равған доғ мекард ва бӯю тафи равған ба деворҳои ошхона ва сару либоси хизматгорҳо менишаст.
    Фаришта ҳанӯз ба дохил по нагузошта дилбеҳузурӣ гирифт ва даҳонашро бо лаби рӯсарӣ пӯшонду ба сӯи ташноб давид. Занҳо аз ноҷурии Фаришта нигарон шуданд:
  • Тифлак, и бадбахтиҳош кам буд, ки бо маризовол шуда,- гуфт кадоме аз занҳо ва дигарон дар гӯши якдигар фишфиш карданд.
пешина
аз 473
навбатӣ